Ҷаласаи корӣ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 


Рӯзи 2 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  -роҳбари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ муҳтарам  Абдуҷаббор  Раҳмонзода бо иштироки  раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти корҳои сохтмонии иншоотҳо дар шаҳр, муқаррар намудани муҳлати баистифодадиҳии онҳо ва таҳияи нақшаи ангоравии иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва батартиб даровардани назди биноҳо, хонаҳои баландошёна,  кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  муҳтарам Раҳмонзода А. – барои муташаккилона роҳандозӣ намудани корҳо, бунёду таъмири 108 иншоотҳо дар соли 2018 ба раиси шаҳр ва гуруҳҳои кори шаҳру деҳот  миннатдорӣ баён намуданд.

Дар баробари ин корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ободонию ниҳолшинӣ бояд вусъат бахшида шаванд. Тибқи супориши муҳтарам Пешвои миллат боғи фарҳангӣ- фароғатӣ, боғи фарҳангии 15- солагии Истиқлолияти давлатӣ, гулгаштҳои кӯчаи Гулкорон ва боғи «Роҳиоҳанчиён» тибқи лоиҳаҳои  тасдиқгардида пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд,  қайд намуд роҳбари Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ.

Аз ин иқдоми навбатии муҳтарам Пешвои миллат, Сарвари мамлакат раиси шаҳр ва ҳозирин миннатдории самимии худро ба Роҳбари давлат аз номи сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб баён намуданд.

Барои омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони гуруҳҳои кории шаҳру деҳот вазифадор гардиданд, ки ҳар як узви гуруҳҳои кориро ба иншоотҳои  таъмиру сохташаванда дар соли 2019, ки шумораи онҳо 294 ададро ташкил медиҳанд вобаста намуда, дар баробари ин нақшаҳои ангоравии иншоотҳоро таҳия  ва пешниҳод созанд.

Ҳамчунин корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолу гулщинониро вобаста ба боду ҳаво вусъат бахшида  роҳравҳои назди бинову иншоотҳо ва хонаҳои баландошёнаро сафолак чинда тибқи нақша биноҳои баландошёнаро рангу бор намоянд.

Роҳбарони бозорҳо вазифадор гардиданд, ки фурӯши маҳсулотро дар бозорҳо ба тартиб дароварда, сатҳи хизматрасонӣ савдоро баланд  бардошта биноҳои бозорҳоро рангу бор намоянд.

Ба корҳои ободонию созандагӣ сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бахусус ҷавонон ва соҳибкорони маҳаллӣ бештар  ҷалб карда шаванд.

Протоколҳои ҷаласаҳо зери назорат гирифта шуда, мунтазам оид ба иҷрои супоришҳо таҳлилҳо гузаронида шуда, маълумот пешниҳод карда шавад.

 Барои то ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кулли тағйир додани симои шаҳру деҳоти Кӯлоб, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум   тамоми чораҳои зарурӣ бояд амалӣ карда шаванд, қайд намуд муҳтарам Раҳмонзода А. А.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code