Нақшаи кории пешгирии коррупсия барои соли 2019 тасдик гардид

 

 

 

 

 

 

 

Рӯзи 1 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.

Дар рӯзномаи чаласа чор масъала, аз ҷумла хисоботи котиби  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, баромади намояндаи шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб,  баррасии ва тасдики накшаи кори комиссия чамъияти ва таклифу пешниходхои аъзои комиссияи чамъияти мавриди барраси карор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи якум  ҳисоботи котиби  комиссияи ҷамъиятӣ мухтарам Гулмадов А. шунида шуд.  Дар баромади худ номбурда  кайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расида, дар асоси он комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил гардида фаъолият дорад. Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи нақшаи корӣ дар соли 2018 вохӯриҳоро  дар  раёсати молия, нозироти андоз дар шаҳр, хамчунин бо директорони муассисаҳои таълимию томактаби, директорони марказҳои саломатӣ ва сардухтурони беморхонахонахо гузаронид.

Дар баробари ин ҷаласаи васеъ бо иштироки мудирони бахш, шуъба, сардорони раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, рохбарони ташкилоту муассисахо, раисони чамоатхои дехот ва кумитаҳои маҳаллии кӯчаю деҳаҳо, имомхатибон ва иттиҳодияҳои ҷамъияти баргузор намуд.

Сипас  оид ба масъалаи дуюми ҷаласа намояндаи шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб Акбарзода Н. суханронӣ намуд.

Дар баромади худ номбурда таъкид намуд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса тибқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бояд нашаи кори тахия намуда, шахси  масъул чихати ичрои он таъин намуда ичрои накшаро зери назорати доими қарор дода, ҳар хафта аз корҳои иҷрошуда ва масъалаҳои ҷойдошта натиҷагирӣ намоянд.

Дар ҳолати иҷро накардани бандҳои дахлдори  Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҷаримаҳои маъмури нисбати роҳбарони ташкилоту муассиса ва шахсони масъул пешбини гардидааст, қайд намуд Акбарзода Н.

Дар баррасии масъалаҳо муовини комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хоҷамқулов А., ъзои комиссияи ҷамъияти Валиева С., Бобохонова Р. ва Бозорзода С. баромад намуда, таклифу пешниходҳо намуданд.

Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои соли 2019 тасдиқ гардида, вазифаҳо мушаххас карда шуданд.

Мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии он бояд дастҷамъона роҳандозӣ карда шавад. Дар ин ҳолат фаъолият натиҷа медиҳад. Ҳамчунин барои пешгирии коррупсия пахши роликҳо дар  шабакаҳои телевизиони  ва чопи  маълумотҳои таблиғоти дар васоити ахбори умум  муҳим мебошад, кайд гардид дар ҷаласа.

Дар хотимаи ҷаласа ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволу масъалаҳои ҳалталаб метавонанд ба комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code