Сафедхоӽони сияӽном

Маҷӯ Бедил, илоҷи сарнавишт аз гиряи ӽасрат,
Ба мавҷи бода натвон шуст, ӽаргиз хатти соғарӽо.
Дирӯз маⱪолае ба дастам расид бо номи “Бо як ⱪарори миллӣ, тамоми ⱪурбониӽои замони тоталитарӣ сафед карда шаванд”, ки ба ⱪалами раиси ПМТ М. Кабирӣ мансуб аст. Маⱪоларо чанд маротиба такрор ба такрор хондам, аз ӽама тааҷубовар барои ман ин буд, ки ин суханӽоро кӣ мегӯяд. Бале, нафаре ки худ ба Давлат ва миллати худ хиёнат намуда, аз ҷавобгарӣ дар назди ⱪонуни ҶТ ва мардуми тоҷик саркашӣ кард ва фирор намуд, чи гуна ва бо кадом рӯй ин суханӽоро мегуфта бошад? Боз таⱪозо дорад, суханони ӯро мардуми тоҷик гӯш кунад ва аⱪидаӽояш пуштибон ёбанд, аҷабо боз чӣ мехоста бошад ин оғо.
Инак порчае аз он маⱪоларо инҷо меорам ва баъдан идома медиӽем, суханони М. Кабирӣ “Аввалан ин ки ман онҳоро “босмачӣ” намедонам, , ман онҳоро муборизону муҷоҳидону озодандешоне медонам, ки барои ватану миллаташон, барои сарзаминашон мубориза карданд, шаҳид шуданд, ҳиҷрат карданд”. Албатта! онӽо муборизон ва озодандешоне буданд мисли шумо, ки барои бегонагон кор мекарданд ва бисёр ӽам барои ватану миллаташон мубориза бурданд мисли шумо албатта ба дигар маънӣ, барои несту нобуд кардани давлату миллати худ.
Чуноне мо имрӯз мебинем дар ӽама ҷо ин мавзӯъ, яъне калимаи «босмачӣ» бардошта шудааст дар рӯзномаӽо, дар шабакаӽои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма, ва ӽар яке ба таври худ ин калимаро маъно намуда шарӽ медиӽанд. «Босмачӣ» аз калимаи туркӣ «басмаⱪ» гирифта шуда маънояш ӽамла кардан мебошад, яъне ӽамлагарон. «Босмачӣ» ӽаргиз ӽомии ватану миллат набуд, баръакс онӽо тамоми деӽаю мактаб ва идораӽои давлатию мағозаӽоро оташ мезаданд, хонаӽои мардумро тороҷ мекарданд, ба номуси занону духтарон мерасиданд ва ⱪатли ом мекарданд.
Аммо имрӯз ин «босмачиён»-и навин иддао доранд ва хостори онанд, ки босмачиӽо сафед карда шаванд ва ⱪаӽрамон эълон карда шаванд. Ман ба ин тоифа гуфтаниям, шумо аввал худатонро сафед кунед омада гуноӽи худро бишӯед, назди давлату миллат хиёнати кардаатонро ҷавоб гӯед баъдан ғами аҷдодонатон «босмачӣ»-ӽоро хӯред.
М. Кабирӣ дар давом мегӯяд» “Агар имрӯз ҳам як кишвари бегона биёяд ва бихоҳад фарҳанги моро, нухбаҳои моро ва куллан кишвари моро аз байн бибирад ва моро ҷузъи як кишвари дигар карданӣ бошад ва эълон кунад, ки ман як ҳадафи нек дорам ва коре мекунам, ки шумо масалан қодир мешавед ба Моҳ ё Миррих мушак партоб кунед, ки ин нишонаи як давлати пешрафта аст, аммо ман алайҳи он кишвар мубориза мекунам, қатъи назар аз ин ки бо чӣ ҳадаф меояд. Дар ин сурат агар шумо моро боз “босмачӣ” бихонед, ин кори шумост.”
Ба ин оғо гуфтаниям, лутфан ин афсонаӽоятро ба ӽамон аврупоиён наⱪл кун, зеро онӽо дар бораи шумо ва шумо баринӽо кам медонанд. Миллати тоҷик шуморо борӽо дидаву озмудааст, ки шумо чи гуна ватандӯст ва миллатдӯст ӽастед. Ин шумо будед, ки мехостед бо фармони хоҷагонатон фарӽанг ва миллати тоҷикро аз байн бубаред. Ин шумо будед, ки сабаби ҷанги шаӽрвандӣ гардида чӣ ⱪадар хисорот ба тоҷику Тоҷикистон овардед. Имрӯз худро ӽамчун шахси ватандӯст вонамуд карда, ӽомии арзишӽои миллӣ ва фарӽангу миллат мешуморед.
Шарм надошта аз кадом кишвари бегона мисол меоред, шумо худ душманӣ ба ин марзу бум доред. Имрӯз ба чашми мардум хок пошида паймони миллӣ таъсис додаву худро ӽомии ӽуⱪуⱪи тоҷикони ҷаӽон медонед. Худ ватанро ба бегонагон бо пули андаке фурӯхтед, дигар чӣ ҷои сухан кардан мондааст. Шумо аз ин наранҷед, ки мардум шуморо «босмачӣ» мегӯяд, зеро шумо худ ин унвонро барои худ касб кардед.
М.Кабирӣ мегӯяд: “Агар имрӯз бегонае биёяд ва бароятон мақому мансаб ваъда кунад ва чизҳоеро ваъда диҳад, вале ба шарти ин ки бихоҳад ватани шуморо ва истиқлоли шуморо аз байн бибарад, бихоҳад фарҳанги шуморо аз байн бибарад, бихоҳад дини шуморо аз байн бибарад, шумо дар баробари ӯ чӣ мавзеъе мегиред?»
Аҷабо ин суханӽоро аз кӣ мешунавем, гуё миллати тоҷик шуморо на дидаву на мешиносад. Шумо ӽамон нафароне нестед, ки барои маⱪому мансаб ба бегонае ватани худро фурӯхтед. Миллати тоҷик дигар худ медонад, ки чӣ кор кунад ӽоҷат ба дарсгӯии шумо нест. Шумо нигарон набошед, имрӯз миллати тоҷик ин истиⱪлол ва ободиву озодие, ки дорад ва фарӽангу динашро бар ивази ҷонаш ӽифз мекунад ва намегузорад дасти душман дигар бар ин хоки пок бирасад. Миллати сарбаланди тоҷик дигар дӯстро аз душман ҷудо карда метавонад, дигар он миллати солӽои навадум нест, ки ба суханӽои ӽар роӽгузар, ё бегонапарасте бовар кунад.
Ӽамин тавр чи гунае мушоӽида намудем, М. Кабирӣ ва ӽамаслаконаш дигар коре наёфтаанд, ки худро андармон кунанд, ва ба сафедкунии аҷдодонашон пардохтаанд. Албатта онӽо аз гузаштагони худ шурӯъ намуданд ва ӽамин тавр оӽиста оӽиста мерасанд ба худ, мерасад рӯзе, ки аз миллати тоҷик даъво мекунанд, ки онӽоро барои корнамоиӽояшон ⱪаӽрамон эълон кунанд. Агар он ⱪадар дар фикри таъриху фарӽанги миллати худ ӽастед, дар фикри ояндаи ватани худ ӽастед чаро аз Ватан дар гурезед? Чаро ба ватани худ хиёнат намудед?
Имрӯз ӽар фарди солимаⱪл агар каме андеша кунад мефаӽмад, ки ин мавзӯъ аз асри гузашта буда, ӽатто аз ёдӽо фаромӯш шуда буд. Чаро яку якбора ин мавзӯъ бардошта шуд, имрӯз дар ӽама ҷо ин калима «босмачӣ» мавриди баӽси мардум ⱪарор дорад. Душман агар бихоӽад миллатеро шикаст диӽад аввал ба фарӽанги он миллат зарба мезанад ва фарӽангро аз байн мебарад. Вазифаи асосии ҷосусон ӽамин аст, ки як суханеро барои фитна андохтан дар миёни ҷомеа мепартоянд ва худ аз дур нишаста, тамошо мекунанд, то мардум ба ӽамин андармон шуда чанд сол аз пешрафт ва тараⱪⱪиёт дар соӽаи илму фарӽанг ⱪафо монад.
Аммо чуноне гуфтам ва боз мегӯям, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ба ягон ⱪувваи аӽриманӣ бовар надорад ва дар кишвари озоду обод бо номи Тоҷикистони азиз, бо хотири ҷамъ зиндагӣ дорад. Ин сулӽу ваӽдате, ки бо машаⱪⱪат ба даст овардааст, дигар аз даст додани нест, шумо сафедхоӽони сияӽном ӽеҷ гоӽ миллати тоҷикро дигар гумроӽ карда наметавонед, зеро дигар тоҷик ба хиёнаткор бовар надорад. Ба ⱪавли Бедили бузург аз гиряи ӽасрат, ӽаргиз хатти сарнавишт дигар намешавад!

Маӽваши Яъⱪубзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code