Сада-ҷашни гармию нур

 

 

 

 

 

 

Сада  аз қадимтарин ҷашнҳои бостонии мардуми ориёӣ аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Маҳз замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди ниёгон дар қатори ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардид.

Дар ин росто санаи 31 январи 2019 муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар якҷоягӣ бо муассисаи  таҳсилоти умумии асосии №41 конфронси адабиро дар мавзуӣ «Сада-оташи меҳри Ватан аст» бо гурӯҳи васеъи хонандагон гузарониданд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи вилоятӣ Обидов Саймуҳаммад  кушода, ҳамагонро бо ин иди хуҷаста табрик намуд.

Хамзамон китобдорони Китобхона намоиши калони пурмазмунро дар мавзуҳои “Сада-ҷашни гармию нур”, “Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” ва дастранҷи ҳунарҳои хонандагонро  пешкаши иштирокчиён  ва меҳмонон гардониданд.

Сипас хонандагон бо қироати шеър, базму суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.  Дар охир хонандагони фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи маъмурияти  Китобхона сарфароз гардонида шуданд.

    Абдуллоева Саодат- корманди Муассисаи давлатии

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code