ПАЁМ – БАРНОМАИ МУККАМАЛИ БУНЁДӢ ВА РОҲНАМО БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ КИШВАР

        Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар                           

        вилояти Хатлон, Раиси шаҳри Кӯлоб

         муҳтарам Хайрулло Амонулло

  

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 ироа гардид, тамоми мавзуъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар ниҳоят самимӣ пазируфта шуд.

Муҳтавои Паём хеле васеъ мебошад ва таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида зиёд аст, вазифаи мо фаъолон ва ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайаншуда сафарбар намоем. Паёми навбатӣ аз дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ башорат дода, дар ин росто таъкидҳои судманд баён карда шуд. Сарвари давлат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда, таъкид намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ – аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Ин омил барои Кӯлоби бостонӣ низ ниҳоят муҳим буда, маҳз бо ин роҳ метавонем мардумро ба ҷои кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин намоем. Ҳамзамон, бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда мешавад Ин тадбирҳо боиси рушди иқтисоди миллӣ гардида, Тоҷикистонро аз кишвари ру ба рушд ба марҳилаи нави тараққиёт ворид месозад.

Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, бо сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистилолӣ халқ ба орзуи деринтизорӣ худ расид. Дар ин миён суханони пуразиши Сарвари давлатро мехоҳам ёдрас намоям, ки чунин гуфтанд: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт”. Соли гузашта, дар арафаи солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам агрегати аввали НБО-и “Роғун” ба истифода дода шуд, ки ин дастовард яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми навбатӣ буд. Ҳамзамон қайд гардид, ки имсол агрегати 2-юми НБО-и Роғун ба кор дароварда мешавад. Ба кор даровардани НБО-и Роғун натанҳо барои мамлакати мо балки барои рушди давлатҳои минтақа низ мусоидат хоҳад намуд.

Дигар масъалаи дар Паёми имсола баррасигардида ин раванди боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошад, ки Пешвои миллат чунин изҳор доштанд, ки “Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд”.

Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки тақвияти робитаи дӯстона ва барқарор кардани муносибатҳои судманд бо дигар давлатҳои олам, махсусан бо кишварҳои ҳамсоя роҳи ҳалли аксар мушкилотҳо буда, барои рушди ҳамаи ҳамсоядавлатҳо низ судманд мебошанд.

Муҳим будани дигар масъалае, ки дар Паём зикраш рафт ин расман оғоз гардидани татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии захираҳои дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад, ки чунин ташабусҳои созандаи сатҳи ҷаҳонӣ обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар менамояд.

Пешвои муаззами миллатамон дар ҳалли яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон, яъне масъалаи истифодаи самараноки об дар сатҳи ҷаҳонӣ пешсафу ташаббускор мебошанд, ки ин боиси ифтихори мост.

Дар ин замина дастур доданд, ки “…тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шаванд”. Алббата, бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии бархе аз деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб низ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида истодаанд. Имсол ва минбаъд низ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маркази шаҳр ва деҳаҳои Кӯлоб идома корҳо меёбанд.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар муроҷиат ба халқи шарафманди Тоҷикистон мужда доданд, ки “Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.

Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем.

Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.

Аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ чун ҳамешагӣ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд ва тамоми нерӯи бузурги хешро барои давлатсозию беҳтарнамоии сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини мамлакат равона намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар самти татбиқи амалии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне аз Паём то Паём корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар аксари маҳаллаю деҳаҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сокинон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша иншоотҳои гунони иҷтимоию маишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо шудани Кӯлобшаҳри бостонӣ нақши созгор гузошт.

Бо итминон метавон гуфт, ки Паём барнома ва дастурамали корбарӣ буда, масъулияти ҳар яки моро барои хизмати софдилона дар назди халқу Ватан баланд менамояд.

Минбаъд низ мо то соли 2021 барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ, яъне 30–солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди ободониву созандагиро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтаем, ки онҳоро бо азму ирода ва нангу номуси ватандорӣ марҳила ба марҳила амалӣ хоҳем кард.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code