Намоиш- фурӯши ниҳол, тухмӣ ва гулҳо дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 


Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат, сокинони шаҳру деҳот ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб намоиш-фӯруши ниҳолҳо, тухмии зиротҳо, гулу гулбуттаҳо ва махсулоти кишоварзӣ таҳти унвони “Самараи умри деҳқон” баргузор мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тамоми сокинон, дӯстдорони табиат ва меҳмонон даъват ба амал меорад, ки аз ин намоиш- фурӯш дидан намуда, барои саҳм гузоштан ба ободонии як гӯшаи маҳали худ, ниҳолу дилхоҳашонро харидорӣ намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code