Барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда чораҳои дахлдор амалӣ мешаванд

Санаи 28 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаи асосӣ «Оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла вазъи соҳилмустаҳакамкунӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур маълумоти  сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида шуд. Дар баромади худ сардори бахш қайд намуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, бо ҷалби аҳолӣ ба тариқи ҳашар дар соҳилҳои дарёи Ёхсу, сойҳои Даҳана, Зиракӣ ва дарёчаи Кӯлоб 2,3 ҳазор метри мураббаъ симтур хобонида шуда, 80 адад тахтасангҳои оҳанию бетонӣ васл карда шуданд.

Дар мавзеъҳои Зиракӣ ва Даҳана корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарор намудани соҳилҳо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ  ба анҷом расонида шуд.

Новобаста аз ин айни замон дар дарёи Ёхсу мавзеъҳои сарбанди канали Ҳукумати нав, деҳахои Лавова, Гулобод, Тоқакаппа, Навобод, Комбинати хонасозӣ, Минтут, Чорчашма ва сойю селпартовҳо дар масофаи  умумии 26,5 км хавфнок мебошанд.

Бо назардошти ин масъулини соҳа, аз ҷумла муовини якуми раиси шаҳр, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардиданд, ки барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ теникаҳои заруриро сафарбар намуда, барои анҷоми корҳо ҳашарҳо ташкил намоянд.

 Бо назардошти хело хавфнок будани соҳили Ёхсу  дар мавзеъҳои Комбинати хонасозӣ ва  Минтут барои мусоидат намудан дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба Агенти беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд.

 Ҳамчунин дар ҷаласа иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳолати таъминоти барқ ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи нерӯи барқ, рафти зимистонгузаронӣ дар ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва хоҷагии роҳҳо, сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимӣ №21, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 “Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб”, иҷрои нақшаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз  кӯчаҳои шаҳр, иҷрои амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр», мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва вусъат бахшидани корҳо протоколи  ҷаласа қабул гардида, барои иҷро ба масъулин ирсол карда шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code