Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат


 

 

 

 

 

 

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 75- солагии рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  ки  9- майи соли 2020 ҷашн гирифта мешавад бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар маҳаллаи  Куҳдоман гӯшаи «Хотираи абадӣ» тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ташкил карда мешавад.

Дар гӯшаи мазкур нимпайкараҳои Сафар Амиршоев, Саидҷон Назаров, Саидқул Турдиев пайкараи В.И.Ленин ва дигар шахсиятҳои хизматкарда  барои халқу Ватан гузошта мешаванд.

Ҳамзамон дар гӯшаи мазкур корҳои ободонӣ аз қабили гушнинонӣ, ниҳолшинонӣ, шинонидани майса ва ободонии роҳҳо рафта истодааст.

Гӯшаи «Хотираи абадӣ»  мавзеъи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои дар назди халқу Ватан хизмат карда мегардад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code