Барои рушди соҳаи саноат чораҳои дахлдор амалӣ мешаванд

 

 

 

 

 

 

Соҳаи саноат –яке аз соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр муайян гардида, барои рушди соҳа пайваста чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла барои соҳибкорон ва шахсоне, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар муҳлати кутоҳ то 5 рӯз қитъаи замин тавассути “Равзанаи ягона” қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

Ҳамзамон дар шаҳр дар майдони 6,9 га минтакаи саноатӣ таъсис дода шуда, тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 7 соҳибкор дар майдони 3,8 га қитъаҳои замин ҷудо карда шуда, ҳуҷҷатҳои 6 нафари дигар дар майдони 1,5 га омода шуда истодаанд.

Дар соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 218 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба  соли 2017-ум 28,2 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат  114,9 фоизро ташкил дод.  Дурнамои нишондиҳандаи соҳаи саноат дар соли 2018 –ум 105 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соли 2018-ум 14 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла 4 коргоҳи дӯзандагӣ, 6 коргоҳи хишти сементӣ, коргоҳҳои қаннодӣ, обҳои ташнашикан, дару тирезаҳои пластикӣ, пахтатозакунӣ ва  2 корхонаи саноатӣ   ба истифода дода шуда, дар ин замина  123 ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат ташкил карда шуд.

Ҳамзамон  КМ “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекории дуру дароз бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 75 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, хати чоруми технологӣ пурра иваз карда шуда ба кор дароварда мешавад.

Дар соли 2018-ум 23 корхона нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуданд.

Дар ин давра ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд намуда,  27 ҷои нави корӣ таъсис дод.

Ҳамзамон  ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” маҳсулотҳои сохтмонӣ аз қабили пояҳои оҳану бетонӣ, хишти сементӣ, рег, қуми шустагӣ, обнова истеҳсол намуд.  Дар корхона 25 нафар ба кор ҷалб гардида, ҳаҷми маҳсулот дар соли 2018  нисбат ба соли гузашта 2 баробар зиёд карда шуд.  Корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот бо вазорату идораҳои дахлдор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

ҶДММ «Даврон-К» собиқ  (Заводи нони  Кӯлоб) дар  соли 2018 истеҳсоли  маҳсулот нисбат ба соли гузашта 101 фоизро ташкил дода, дар корхона 21 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳбарияти корхона дар коргоҳи макаронбарориро насб намуда истодааст, ки дар моҳҳои наздик  ба фаъолият оғоз карда 10 нафарро ба кор ҷалб  таъмин хоҳад намуд.

ҶДММ «Ориён-Рустам» (комбинати гӯшт) нисбат ба соли гузашта маҳсулотро  107 фоиз зиёд карда, дар корхона ягона коргоҳи забҳи чорво дар шаҳр сохта шуда, соҳибмулк таҷҳизотҳои замонавӣ барои коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро дар моҳҳои  наздик ворид намуда, 15 ҷойҳои нави кории иловагӣ муҳаё менамояд.

ҶДММ «Пойафзоли Кӯлоб» номашро ба ҶДММ “Нидои Кӯлоб” иваз карда, 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои духти болишту курпа ва ғайра ба кор таъмин намуда, коргоҳи  истеҳсоли макарон дар моҳи октябр ба кор оғоз карда 8 нафарро ба кор ҷалб намуда, дар соли равон 8 тонна макарон истеҳсол намуда, айни замон фаъолияташро идома дода истодааст.

Дар ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча ва  мебел  шурӯъ гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ ворид гардида, дар майдони заминҳои  ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соҳибмулки корхона дар соли 2019-ум 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида мешаванд.

Дар соли 2018 бо истифода аз ангишт дар се корхонаи саноатӣ  истеҳсоли хишти пухта ба 4 млн. 667 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 1645 ҳазор дона ё ин ки 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Духти либосҳои мактабӣ ҳамагӣ 32100 ҷуфтро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25850  ҷуфт зиёд буда, афзоиш 5,1 маротибаро ташкил дод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр барои бунёди силсилаи корхонаи коркарди пурраи нахи пахта ба сармоягузорони чинӣ ҷиҳати ҷудо намудани 200 га замин розигӣ дода, ба Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар мавриди сохта ба истифодадиҳии силсилаи корхонаҳои зикргардида зиёд аз 3750 нафар шаҳрвандон  бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон  намуданд.

Бо назардошти ин ва барои бо иқтидорҳои пурра  фаъолият намудани корхонаҳои мавҷуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав нақшаи амал таҳия гардида, тибқи он дар соли 2019 бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шуда, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба  270 млн. сомонӣ расонида мешавад, ки нисбати соли 2018-ум  52 млн ё 24 фоиз зиёд мебошад.

Тавре маълум аст таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин  барои  дар соли 2019  таъсис додани минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар майдони 309 га замин ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code