Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар марҳилаи аввал ҷамъбаст гардид


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 26 январи соли равон дар толори Қасри фарҳаги шаҳри Кӯлоб Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар марҳилаи аввал бо иштироки  сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо  Маҷидова ҷамъбаст гардид.

Дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, дар  толори Қасри фарҳаги шаҳри Кӯлоб фестивали “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ  мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.

Фестивали мазкур аз се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён  ороиш ва муйбофии қадима, ҳунари машоттаҳо ва бо ин васила дар доираи раму оинҳои миллӣ саршуёну арӯсбарон,  муйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, пита, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф ва ҳоқазо) бо либосҳои маҳал намош дода шуд.

Ҳамзамон дар Фестивал кӯдакони синнишаон 5 сола, наврасон ва духтарон бо мӯй дароз қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ баромад намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот бунёди  кошонаҳои ҳусн ба нақша гирифта шуда, барои дар оянда фаъолият намудани онҳо ин фестивал мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон  яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану  гулбасту чит   ба шумор меравад.

Иштирокчиёни фаъоли Фестивал бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуда, Фестивал бо барномаи рангини консерти ҳусни хотима бахшида шуд.

Бахши матбуотӣ


Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code