Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана корҳои ободонӣ дастаҷамъона идома доранд

Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019- 2021- Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву ободкоркорӣ оғоз гардиданд.

Аз ҷумла  дар деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти мазкур шинонидани дарахтони сояафкан, чароғонкунии назди хонаҳои истиқоматӣ, тоза намудани  ҷуйборҳо ва  сангфарш кардани роҳҳо бо васуъати баланд идома доранд.

Ба иттилоъи раиси маҳаллаи мазкур  ба тариқи ҳашар ва бо дастгирии соҳибкорон 30 адад симчуб насб гардида,  як километр роҳҳои деҳа  таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Дар оянда сокинон нақша доранд, ки 2 километр роҳҳоро мумфарш намоянд.

Ҳамзамон байни деҳаи Чинор ва Навободи Ҷамоати деҳоти  Даҳана низ бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмони як пули одамгузар оғоз гардида, сохтмони он ба таври  ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи номбурда  дар арафаи анҷомёбист.

Чунин корҳои ободонӣ дар дигар  деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Даҳана низ  муташаккилона идома доранд.

Бахши матбуотӣ

 

    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code