Ҷоиза барои таблиғи хонандагон

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» барои таблиғи бесобиқаи рӯзнома дар миёни хонандагон, узви Иттифоқи нависандагон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Зафар Мирзоёнро ба «Ҷоизаи махсус» сарфароз гардонид. Ҷоизаи махсус дар идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», бо  тантана ба  Зафар Мирзоён  супорида шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб устод Зафар Мирзоёнро барои ин ҷоиза самимона табрик намуда, барояшон тандурустӣ ва дар корҳои эҷодиашон комёбиҳои нав орзу менамояд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code