Мубориза бо коррупсия-дастаҷамъона роҳандозӣ мегардад

 

 

 

 

 

 

 

Раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Исмоилзода С. ҷаласаро кушода ёдовар шуданд, ки мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Асоси ҳуқуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия манша мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

Қобили қайд аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расида, дар асоси он комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил гардида фаъолият дорад. Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи нақшаи корӣ вохӯриҳоро бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар давоми соли равон доир менамояд, қайд намуд раиси комиссияи ҷамъиятӣ.

Сипас сухан ба намояндаи шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб Акбарзода Н. дода шуд. Дар баромади худ номбурда таъкид намуд, ки гарчанде, ки чораҳои дахлдор оид ба амалишавии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб амалӣ шуда бошанд, ҳам дар ташкилоту муассисаҳо баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи мазкур чораҳои иловагиро амалӣ намоянд.

Дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бояд ба иҷрои ин ҳуҷҷати муҳим диққати ҷиддӣ зоҳир карда  шавад. Ҳамзамон Акбарзода Н. оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта қайд намуд, ки  50 моддаи ҷиноятӣ оид ба коррупсия пешбинӣ шудааст. Дар баробарри ин Акбарзода Н.   таъкид намуд, ки мақсади Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз озоди маҳрум кардани шаҳрвандон набуда, балки пешгирӣ ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуб –коррупсия ба шумор меравад.

Муовини раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хоҷамқулов А. дар баромади худ қайд намуд, ки тибқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо илова намудани моддаи нав (моддаи 51) дар қатори мақомотҳои муборизабаранда бар зидди коррупсия субъектони муқовимат ба коррупсия муайян карда шудааст, ки ба онҳо Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам  аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дохил мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки 21 банди Стратегияи зикргардида ба мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста гардидааст. Мавриди зикр аст, ки муқовимат бо коррупсия муҳим буда, барои баланд бардоштани фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани фазои оммавии зиддикоррупсионӣ, бартараф намудани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи коррупсия чораҳои зарурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб амалӣ шуда истодаанд. Чунки ин зуҳуроти номатлуб боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ кам намуда, ба  фаъолияти сохторҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, ба иҷрои барномаҳои давлатӣ халал эҷод намуда, монеаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.

Ҳамзамон дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи давлатро коста мегардонад, бинобар ин бояд ба ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза бурд.

Раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Исмоилзода С. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, қайд намуд, ки самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  вобастагии зич дорад.

Бо назардошти ин роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳанг ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бояд чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба ҳолатҳои коррупсионӣ қатъиян роҳ надиҳанд, таъкид намуд    Исмоилзода С.

Дар хотимаи ҷаласа ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволу масъалаҳои ҳалталаб метавонанд ба комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намоянд.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code