Кӯлоб. Роҳҳои маҳаллаи Чаманзор таъмир мегардад

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва бо иқдоми сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб зиёда аз 2 километр роҳҳои аҳамияти маҳалли доштаи кӯчаи мазкур сангфарш карда шуд.

Сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб солҳои қабли дар фаслҳои баҳору зимистон ҳангоми боридани барфу борон аз сабаби набудани роҳ ба мушкили дучор мегардиданд.

Иқдоми сокинони маҳалла идомаи мантиқии сиёсати Пешвои миллат буда, аз тарафи дигар саҳмгузорӣ ба соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст.

Инитозори меравад, ки бо иқдоми  як нафар соҳибкори маҳалла  як  пули мошингузар сохта ба истифода дода мешавад.

Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code