Ҷаласаи корӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Санаи 23 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати  раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони раёсатҳо, мудирони  шуъбаю  бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони  муассисаҳои тандурустӣ, раёсати маориф,  муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷаласа гардид.

Дар ҷаласа оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баён гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳр қайд карданд, ки дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд, бояд барои иҷрои онҳо  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Бо назардошти саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чорум эълон гардидан, масъулини соҳа оид ба рушди соҳаи саноат, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ вазифадор гардиданд.

Ҳамчунин барои самаранок истифода намудани обу замин, омодагӣ ба кишти пахта, сохтмони гармхона, сардхонаҳо, фермаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ,  рушди моҳипарварӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб беҳтар намудани  аҳолӣ бо оби нӯшокӣ буда, ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои пешноҳидгардида ба ташкилотҳои байналмилалӣ роҳбари корхонаи обу канализатсия вазифадор гардид, ки тибқи муқарирот чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки рафти Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 зери назорат қарор дода шуда, барои таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 чораҷӯи карда шавад.

Бораи сазовор ҷашн гирифтани  30-  солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб тибқи нақшаи тасдиқшуда сохтмон ва азнавсозии 766 иншоотҳои таъиноти гуногун, ҳамчунин анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, шинонидани ниҳолу гулҳо тасдиқ шудааст.

Ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи пешбинишуда, марҳила ба марҳила ба истифода супоридани иншоотҳо роҳбарони гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд, ки ҳар ҳафта ҷаласаи гуруҳҳоро гузаронида, рафти корҳои сохтмони иншоотҳоро назорат намуда, аз натиҷааш маълумот пешниҳод намоянд.

Муовини якум, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулин вазифадор гардиданд, ки нақшаи корӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои соли 2019-ро  зери назорати қатъӣ гирифта, корҳоро дар ин самт тақвият бахшанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code