Дастовардҳои варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар соли 2018

 

 

 

 

 

 

 

Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 169 майдончаҳои варзишӣ ва 70 толори варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо мунтазам варзишгарон ба тамрин машғул мебошанд.

Дар шаҳру ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохибкорони маҳаллӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар соли 2018,  дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб, як толору як майдончаи варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, як толори варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, панҷ майдончаи варзишӣ оид ба футбол дар маҳаллаҳои Меҳнатобод, Чаманзор, Ҳакимобод, Меҳробод ва деҳаи Чорбоғ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуданд.

Айни ҳол, сохтмони  5 толор ва 6 майдончаи хурд оид ба футбол  дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ  идома ёфта истодаанд.

 Дар  соли 2018, 196  мусобиқаи шаҳрӣ ва 1 марҳилавӣ  гузаронида шудааст.

Дар давоми соли 2018, варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои  ҷумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок намуда сазовори 187 медал гардиданд; Аз ҷумула: 53-медали тилло, 49-медали нуқра ва 85-медали  биринҷӣ.

Боиси ифтихор аст, ки варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилали иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла:

Назаров Умарҷон дар мусобиқаи байналмилали оид ба Карате-кёкушинкай, ки дар шаҳри Масква баргузор гардид, дар вазни 45 кг сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Каримов Хизрали дар чемпионати Осиё, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба гуштини Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид, дар вазни 67 кг сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Ҳалимов Муҳаммад дар чемпионати Ҷаҳон дар шаҳри Душанбе оид ба гуштини Ҷиу-ҷитсу баргузор  гардид, дар вазни 21 кг сазовори ҷойи 1- гардид.

Мустафои Раҳмонали дар чемпионати Ҷаҳон, ки дар шаҳри Душанбе оид ба гуштини Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид, дар вазни 64 кг сазовори ҷой 3-юм гардид.

Латипов Сорбон дар чемпионати Ҷаҳон, ки дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия оид ба гуштини Самбо баргузор гардид, сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Муродов  Фазлиддин  дар чемпионати Ҷаҳон, ки  дар шаҳри Душанбе оид ба гуштини Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид, дар вазни 81 кг сазовори ҷойи   1-ум  гардид.

Бахши матбуотӣ

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code