Корхонаи соноатӣ ҳаҷми истеҳсолро зиёд менамоянд

 

 

 

 

 

 

Дар соли 2018 нишондиҳандаи дурнамои соҳаи саноат 105 фоиз таъмин гардид.

Дар соли сипаригардида барои ба фаъолият даровардани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуд.

Дар натиҷа баъди бекорӣ коргоҳи макаронбарории ҶДММ «Нидои Кӯлоб» дар  моҳи октябр ба фаъолият оғоз карда 8 нафарро ба кор ҷалб намуда, то 20 январи 2019,  31 тонна макаронҳои гуногун истеҳсол намуд.

Маҳсулотҳои истеҳсолкардаи коргоҳи мазкур бо нархи нисбатан пастар аз бозор ба фурӯш бароварда шуда, бозори дохилиро таъмин намуда, ҳамзамон ба бозорҳои  дигар шаҳру ноҳияҳо низ маҳсулотро ба фурӯш бароварда истодааст.

Дар ҶДММ «Даврон- К» дар моҳи феврали соли 2019 коргоҳи нави истеҳсолӣ макарон ба истифода дода мешавад.

Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code