Шаҳри Кӯлоб- гулпӯш мегардад

 

 

 

 

 

 

Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб оид ба сазовор таҷлил намудани 30- солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфта истодаанд.

Вобаста ба боду ҳаво дар шаҳру деҳот маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона ба роҳ монда шуда, ҳашарҳои дастаҷамъона доир шуда истодааст.

 Аз рӯи маълумотҳо то ҳол дар шаҳру деҳот 14,2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз, сояафкан ва 52 ҳазор гулҳои гуногун шинонида шуд.

Ҳамчунин санаи 17 январи соли 2019 дар назди даромадгоҳи шаҳр аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳр 52 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд.

Дар назди майдони «Парчами давлатӣ» дарахтони ороишӣ  низ аз қабили арчаи сановбар, юкос,  гули палма, тохокопус, зиёда аз  8 намуди дарахт ва гулҳо шинонида шуданд.

Дар корхонаи мазкур айни замон 70 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг 40 ҳазор гулҳои гуногун парвариш карда шуда истодаанд.

Кормандони корхона  иқдом гирифтанд, ки  соли равон аз ҳисоби гулу буттаҳое, ки дар гармхонаҳо парвариш меёбанд  кӯчаю маҳаллаҳои шаҳрро гулпӯш намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code