Вохӯриҳо оид ба амалишавӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд

Дар доираи нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, оид ба фаҳмондадиҳии  муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри   соли 2018 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрӣ бо ҷавонони деҳот бо иштироки кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин расонидани нуқтаҳои асосии Паёми ироа гардидаи Асосгуори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  мебошад.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ҷавонон бояд нисбати ободонию созандагии деҳа фаъол бошанд, ки  бештар ба варзиш машғул шуда, ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро ва экстремистӣ фирефта нагардида, ба чунин равияҳо шомил нашаванд.

Чунин чорабинӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии шаҳри Кӯлоб дар Маркази ҷавонони шаҳр низ ҳамчунин дар толори раёсати шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини соҳави раиси шаҳр ба кормандони раёсати молияи шаҳру минтақаи Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба иҷрои пурраи нақшаи андозҳо, сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони буҷетӣ нафақахӯриҳо ва ғани гардонидани буҷети давлатӣ қайд намдуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code