Соли 2018 ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфт

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба эълон гардидани соли  2018- «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, чораҳои заруриро амалӣ намуд.

Бо назардошти аз тамоми андозҳо озод намудани маҳсулотҳои  ҳунарҳои мардумӣ, шумораи ҳунармандон дар шаҳру деҳот афзоиш ёфт.

Бояд қайд кард, ки ҳунарманди маҳаллӣ Саиднодир Ҳайдаров ҷиҳати муаррифии ҳунарҳои миллӣ дар муддати 100 рӯз доираи вазнаш 34 килограммро бо диаметри   1 , 7  метр омода  карда  ба  намоиш  гузошт.

Доираи худсози ин ҳунарманд бо 109 шилшилаҳои ҷилодор оро дода шуда дар вақти навозиш садои ба худ хосеро дошта хайёлоти бинандаро ба дурии дуриҳо мебарад.

Бо иттилоъи ҳунарманд омода кардани чунин асбоби миллии калон заҳматталаб буда аз пусти чорвои шохдори калон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ сохта шудааст.

Саиднодир Ҳайдаров маҳорати баланди ҳунармандӣ дошта ҳамзамон асбобҳои миллӣ аз қабили най, думбра, таблак, сурнай ва лабчангро месозад, ки имрӯз борҳо ба онҳоро намоиш гузоштааст.

Маҳсули дастии ин ҳунарманди ҷавонро ҳунармандони шаҳру деҳоти Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳо истифода бурда дар иду ҷашнҳо бори дигар ҳунарҳои мардумиро эҳё ва муарифӣ менамоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code