Вохӯрӣ оид ба имтиёзҳои навбатӣ ба соҳибкорон

Дар асоси нақшаи тастиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С., мудири шуъбаи иқтисод ва савдо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо соҳибкорони бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб оид ба фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вохӯри баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи    сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳоло барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ  бо ташаббуси Пешвои миллат ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони исте

ҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон гардид, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат барои тақвият бахшидан ба ин раванд пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2020 ба тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. Бояд аз ин ғамхории Пешвои миллат соҳибкорон истифода намуда фаъолияти худро васеъ намоянд, таъкид гардид  дар вохӯрӣ.

Хамзамон бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кӯмак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳ

ати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, таъсис дода мешаванд.

Инчунин, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда хоҳад шуд, қайд намуданд баромадкунандагон.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ доир шуда, соҳибкорон аз ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро баён намуданд.

Башхи матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code