Падар чӣ гуна, писар намуна

Ду рӯзи охир ҳодисаи оддии вайронкунии қойидаи роҳ дар ш.Хоруғ хабарсоз шудааст, ки омилу гунаҳкори асосӣ Ифтихор Худоёров, падари Наврас Худоёров мебошад. Чанд далел аст, ки бар ин фарзия далолат мекунад:

1) Писаре ки аз амри падар сар метобад, ё беодоб аст ва ё ҷинояткор. Навраси беақл фазоро ҳамин тавр бо рафтораш нишон медиҳад. Падар натавонистааст, тарбияи муносиби писарашро анҷом диҳад. Омили дуюм низ ҳамин бармеояд.
2) Суннати меҳмондории бадахшонӣ куҷо шуд? Меҳмон атои Худо мегуфтанд, дар урфият. Чӣ ӯ савора аст ва ё пиёда, дар хона имтиёз дорад. Охир ҳамин ронандаи сархуш мемурд, агар роҳро барои корвони ҳарбӣ холӣ мекард. Онҳо бо супориш ба чойи хизмат мерафтанд, вале бинобар ҷиноятпешагии Наврас Худоёров, 1 соат зиёд аз фаъолият боздошта шуданд.
3) Ин ҷуфти падару писар ба гунаи афроди олами ҷиноӣ, ки аз тамоми абзори дар дастдошта истифода мекунанд, то тухми адоватро дар ҷомеаи Хоруғ бикоранд, амал карданд. Шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистонро таҳқиру тавҳин карданд. Ба ОМОН муқобилият нишон доданд. Муқовимати гурӯҳӣ.
4) Чун зӯрашон омад бо пеш овардани фишанги мазҳабӣ, худро ҳомиву ғамгусори халқ вонамуд карданд, «пойро аз курпаашон дарозтар бароварда», зарурати муноқишаро дар маркази шаҳр, далели «бебаҳс» пиндоштанд. Ақлу фаросати кулл ва талаботи сарқонуни кӯҳистониро, ки меҳмонро бо ҷону дил мепазирад, шикастанд ин ашхоси бевиҷдон Худоёровҳо.
Барои пурра ба эътидол омадани вазъи шаҳри Хоруғ, муттаҳидшавии мақомот ва мардум дар зери чатри ягонаи волоияти қонун, ҳукми ҷонӣ ва зарурист. Иттиҳод-рамзи пирӯзист дар мубориза бо ҷинояткорон. Агар иттиҳод набошад инро дар илми тиб шизофрения ва ё афсурдагии рӯҳӣ мегӯянд. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, муноқиша баъди он сар задааст, ки Н.Худоёров ба зидди кормандони милиса аз зӯр кор гирифт ва онҳо маҷбур шуданд, аз силоҳи пневматикӣ истифода баранд.

Фирдавс Салимов, сокини ш.Хоруғ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code