Дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаи вилоятӣ

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзишӣи фанҳои таълимӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои дақиқ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ, дар байни хонандагони синфи 9 олимпиадаи фаннии мактаббачагон  ташкил ва гузаронида шуд.

  Мутобиқи дархости маркази дарёфт ва рушди истедодҳои назди раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 98 нафар хонандагони синфи 9, аз ин шумора 50 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 нафар аз муаасисаҳои намуди нав аз фаннҳои математика, технологияи информатсионӣ, физика, биология, химия, таърихи халқи тоҷик, география, забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, ҳуқуқ, забони англисӣ ба даври сеюми олимпиада (вилоятӣ) роҳхат гирифтанд.

Аз ин шумора дар олимпиадаи вилоятӣ 39 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла  ҷойи якум 11 нафар, ҷойи 2-юм 8 нафар, ҷойи 3- юм 20 нафар ва  ҷойи ифтихорӣ барои иштироки фаъолона 15 нафар гардидаанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code