Таъмири роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳот бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин менамоянд

Дар соли 2018 дар шаҳру деҳот ҳамагӣ   2,6 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта  таъмири асосӣ, 42,2 км таъмири ҷорӣ ва 6,1 км роҳҳо сангфарш карда шуданд. Барои иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 оид ба таъмири роҳҳои автомобилгард ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд.

Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар марҳилаи дуюм дар масофаи 11,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру таҷдид карда шуда,  2 купрук сохта ба истифода супорида шуд.

 Барои беҳтар намудани равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр,  соли ҷорӣ  74 қандил ва 6300 лампаҳо иваз карда шуда, 11 км кабелҳо ва 6,3 км ноқилҳои ҳавоӣ таъмиру иваз карда шуданд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон  дар кӯчаҳои Сангак Сафаров, Нурулло  Ҳувайдуллоев, 1- Май, Худоёр  Назаров, Ҳамадонӣ ва Ҳилоли Аҳмар 233 лампаҳо насб карда шуд, ки равшаннамоии кӯчаҳои мазкур беҳтар гардид.

Барои зимистонгузаронӣ муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 239 метри мукааб маводи зидди лағжиш захира гардидааст, ки 2,6 маротиба аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

 Ҳамчунин  муассисаи роҳсозии шаҳр воситаҳои нақлиётро пурра омода карда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, кормандонро бо либосҳои зимистона таъмину ҷойи истироҳатро муҳайё  намудаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code