КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ СОЛИ 2018-РО БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАЪБАСТ НАМУД

 

 

 

 

 

Санаи 11.01.2019 маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён баргузор гардид. Инчунин дар кори макҷлис роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

То оғози маҷлис аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ” роҳандозӣ шуда, миёни аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ армуғонҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Дар рафти маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб барои соли 2019 ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада. оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 дар назди ҳозирин ҳисобот  дод. Мафсуф, вобаста ба ҳадафҳои аслии ҳизб, аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуданд.

Дар қисмати музокиравӣ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон”-Шоинов Ҳасан, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” – Ҳотам Раҷабӣ Асозода, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии шаҳрии №2” – Шамсиддинов Сироҷиддин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” (МТМУ №53) Имаралиева Наргис суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобиданд.

Инчунин узви раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин фаъолияти Кумитаи иҷроияро назаррас номида, қайд кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташаккули мафкураи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, баҳри аз байн бурдани хатарҳое, ки ба амният ва солимии мамлакати мо таҳдид мекунанд, фаъолияти худро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамзамон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо роҳи аз ҳама асосии пешгиркунанда ҷиҳати паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ мебошад.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба шахсони фаъоле, ки дар соли 2018 дар амалӣ гаштани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас гузоштанд бо ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code