Духтарони фаъоли шаҳри Кӯлоб ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои омода намудани занону духтарони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда чораҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омӯзиши мақсаднокро ташкил намуд.

Бояд қайд кард, ки курси мазкур моҳи октябри соли 2018 дар доираи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ташкил гардида, 41 нафар дутарони фаъол аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳр, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ ба он фаро гирифта шуданд.

Санаи 10.01.2019 дар толори машваратии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб курси омӯзишии «Дутарони сарвар» бо иштироки масъулини соҳа ҷамъбаст гардид.

Дар хотимаи омӯзиш намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҷавондухтарон барои иштироки фаъолонаашон дар курси мазкур изҳори сипос намуда, ба онҳо гувоҳномаҳои хатми омӯзишро супорид.

Ҳамчунин  таклифу пешниҳоди иштирокчиёнро шунида, изҳор дошт, ки минбаъд  низ чунин курсҳои омӯзишӣ ташкил карда хоҳад  шуд.

Бахши бойгонӣғ матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code