Дар шаҳри Кӯлоб лимӯпарварӣ рушд меёбад

 

 

 

 

 

 

Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб гармхонаҳо баҳри парвариши лимӯ ва дигар сабзавотҳо  аз ҷониби хоҷагидорон ва шахсони алоҳида, баҳри ба даст овардани фоида ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти растанипарварӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб шаҳрванд Мадалиев Э. дар замини наздиҳавлигии худ дар масоҳати 1,5 сотих замин гармхона барои парвариши лимӯ таъсис дода, айни замон ҳосили фаровонро ҷамъоварӣ намуда истодааст.

Номбурда, дар гармхонаи таъсисдодаи худ 17 бех ниҳоли лимӯ парвариш намуда, 425кг  лимӯро ба бозор ворид намуда, аз ин фоидаи хуб ба даст овардааст.

Дар баробари ин дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ низ дар замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқониаш истеҳсол намуда, ба фурӯш бароварда истодааст.

Бо назардошти фоидаовар будани парвариши сабзавот ва лимӯ дар гармхонаҳо Мадалиев Э. тасмим гирифтааст, ки  дар замини хоҷагии деҳқониаш низ гармхона таъсис дода, ҳаҷми лимӯ ва сабзавоти барвақтиро дар оянда зиёд намояд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code