Шӯрои занон доир гардид

 

 

 

 

 

 

Санаи 9 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи  кории  Шӯрои занони назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзоён ва раисони шурои занони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технологи ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои  шаҳр баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Авғоновна оид ба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, доир ба сиёсати давлатӣ дар самти занон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, дар ҷашну маросимҳо риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Сипас ҳисоботи мудири шуъбаи кор бо занон  ва оилаи мақомоти  иҷрояи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб  оид  ба  фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа қарори Шӯрои занон қабул карда шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code