Паёми Президенти мамлакат-роҳнамои миллат

 

 

 

 

 

 

 

  Аз санаи 7 январи соли 2019 бо иштироки Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб ва раиси Кумитаи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд, гуруҳи корӣ таъсис дода, дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо фаъолон, омӯзгорон, донишҷӯён, ходимони дин,  падарону модарон ва дигар қишри ҷомеа суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо фаҳмонидани нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат баҳри дар якҷоягӣ амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барои ободиву созандагӣ, пешрафти шароити зиндагӣ, пойдориву устувории Истиқлолияти давлатӣ, инчунин иттиҳодиву иттифоқии ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа батараф хоҳад шуд.

  Бо ин маром суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби гуруҳи кории мазкур дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳри Кӯлоб идома ёфта истодааст.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code