МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

  1. Мудири бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи чорум), маоши мансабӣ – 1085 сомонӣ;
  2. Сармутахассис (муҳандис-замсинсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  3. Сармутахассис (муҳандис-замсинсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  4. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  5. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  6. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  7. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  8. Сармутахассис сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;
  9. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

 

–  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири бахш

  – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

– малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

– малакаи кор бо компютер.

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code