Ҷаласаи ҷамъбасти соҳаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар соли 2018

 

 

 

 

 

 

Санаи 7 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, ташкилотҳои  ҷамъиятиву сиёсӣ,  имомхатибони масчидҳои ҷомеъ, раисони кумитаҳои маҳалла ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ  дар  давоми соли 2018  ва  вазифаҳои навбати барои солҳои 2019 баргузор гардид.

Саломуддин Каримзода – муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб  оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб  ҳисобот дода, пешравӣ ва норасоиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ичунин омодагиҳо ва корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта гузашта, баҳри ободиву бунёдкорӣ ва дар шакли тантанавиву пурифтихор баргузор намудани ҷашни мазкур иттилоъ дод. Ҳамчунин дар ҳисоботи ҷамъбастӣ оиди иҷрои буҷет, соҳибкориву сармоягузорӣ, саноат ва энергетика, нақлиёт ва алоқа, сохтмон ва меъморӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг, танзими анъана ва ҷашну маросим маълумот дода, нишондиҳандаҳоро нисбат ба соли 2017 беҳтару хубтар арзёбӣ намуданд. Дар баробари ин доир ба истеҳсоли пахта, коркарди моҳӣ ва бунёди боғҳои нав махсусан истодагарӣ намуданд.

Кенҷамо Маҷидова- муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар қисми муҳокимаронӣ суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти яксолаи соҳаи рушди иҷтимоӣ ҳисобот дод. Дар рафти ҳисобот бештар фаъолияти солонаи соҳа ҷиҳати  соли 2018 «Соли рушд  саёйҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тавзеҳ дода, корҳои анҷомдодашударо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз намуд.

Инчунин доир ба сатҳу сифати таълим, солимии аҳолӣ, вусъат додани нуқтаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ ва танзими маъракаҳо, пешгирии фарҳанги бегона ва роҳ надодан ба бегонапарастӣ муҳокимаронӣ намуда, баҳри дар соли 2019 дар сатҳи боз ҳам беҳтару хубтар таъмини иҷрои талаботи масъалаҳои зикргардида, иттилоъ дода шуд.

Пулод Ҳафизов – муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмони иншоотҳои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ банақшагирифта ва таҷдиду ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои нав ва дар ин замина зиёд намудани ҷойи нави корӣ ҳисобот дод.

Дар ин ҳисобот ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ва дар заминаи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони саховатманд боз ҳам беҳтар намудани шароити деҳот қайд карда шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода-дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои анҷомдодашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ибрози назар намуда, барои пайгирии ҳамаҷониба ва фаъолият тибқи пешниҳоду даструҳои Президенти мамлакат аҳли нишастро вогузор намуданд.

Дар ин росто оид ба татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити корӣ барои аҳолӣ дастру доданд.

Дар охир аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло вазифагузориҳо ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пешниҳод карда шуда, иброз намуданд, ки давоми соли 2019 дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардидааст, фаъолияти худро баҳри густариш додани корҳои ободониву созандагӣ дар муҳити деҳот, инчунин таъсиси маркази сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ бо аҳолӣ корбарӣ намоянд.

Дар баробари ин зарур аст, ки шаҳри Кӯлоб дар миқёси ҷумҳурӣ барои истеҳсол ва ба истифода додани чакан дар ҷойи аввал қарор дода шуда, баҳри амалӣ намудани ҳадафи мазкур шахсони масъул корбариро ҳамаҷониба амалӣ намояд.

Дар самти рӯшди деҳот раисони ҷамоатҳои деҳот дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва  дигар шахсони дастрас барои таъмири роҳҳо ва таъсиси иншоотҳои ниёзи мардум корбарӣ намуда, давоми солҳои 2019-2021 талош варзанд то ба мақсадҳои дарпешгузошташуда ноил гарданд.

Инчунин баҳри таъмин намудани мушкилоти шуғл ва аз байн бурдани муҳоҷирати меҳнатӣ зарур аст, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати ҷумҳуриамон-саноаткунонии босуръат дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар ҳошияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда шуда, то ин ки мушкилотҳои зикргардида ҳалли худро ёбанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code