Соли 2018 нақшаи андозҳо пурра ва сифатан таъмин карда шуд

Барои иҷрои нақшаи андозҳо, кам намудани бақияпулиҳои андоз, бақайдгирии пурраи андозсупорандагон ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ мунтазам ҷаласаҳои ситоди иқтисодӣ таҳти роҳбарии муовини соҳавии раиси шаҳр гузаронида шуда, масъулини соҳаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати саривақ ва пурра пардохт намудани андозҳо ва кам намудани бақияпулиҳои андоз вазифадор карда шуданд.

Дар ин давра   540  субъекти андозсупор, аз ҷумла соҳибкорони  инфиродӣ 313 нафар бо патент, 87 нафар бо шаҳодатнома ва 140 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба  қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб  182 ҳазор сомонӣ ба буҷет  иловатан  ворид гардид.

Дар натиҷаи ин ва дигар тадбирҳои  андешидашуда, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта  дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша 2,4 миллион  сомонӣ ва нисбати соли 2017-ум 8,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи ҳамаи  намуди андоз пурра  ва сифатан  таъмин карда шуд.

Субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз 54,3 фоизи соли 2014 то 29 фоизи соли 2018  кам карда шуд.

Бо назардошти афзоиш ёфтани андозаи нафақа бозҳисобии нафақапулиҳо саривақт гузаронида шуд. Нақшаи андози иҷтимоӣ ба маблағи 53,7 миллион сомонӣ ё 102,9 фоиз иҷро гардида, ба 18 ҳазору 561 нафар нафақапулиҳо пурра пардохт гардида, андозаи миёнаи нафақа 298,3 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 28,8 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 206 нафар барои дафн 206 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шуд.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 103,8  млн. сомонӣ ё 100,5 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷотии буҷет ба маблағи 103,1 миллион сомонӣ ё 99,0 фоиз таъмин карда шуда, дар ин давра аз маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 86,8 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд. Қарзи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои чакана 597,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 179,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 103 фоиз ва 128 фоизро ташкил дод.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ чор ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гузаронида шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта амру қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шумораи соҳибкорони инфироди ҳамагӣ 4485 субъектро ташкил дод, ки аз ин 559 нафар бо шаҳодатнома ва 2252 нафар бо патент фаъолият дошта, ҳамчунин 1674  хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 нафар зиёд буда, аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 5миллиону 845 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбати соли гузашта 34 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code