Паём- ҳуҷҷати роҳнамои ояндасоз

Имрӯз дар толори театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалии Вализодаи шаҳри Кӯлоб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев бо кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, оид ба самтҳои афзалиятноки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироъа гардид, суханронӣ намуд. Ҳамчунин Миралӣ Достиев оид ба фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанг барои пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқу дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва иҷрои ваифаҳои хизматӣ ба иштирокдорон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code