Ғамхори ва дастгирии шахсону оилаҳои эҳтёҷманд

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо ба шахсони яккаву танҳо, ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорону шахсони саховатманди шаҳру деҳот  кӯмаку дастгирӣ карда мешаванд.

Дар соли 2018-ум аз ҷониби раиси шаҳр 333 шаҳрванд қабул ва бобати ҳалли масъалаҳои муроҷиаткунандагон дар пайвастагӣ бо масъулин тадбирҳои зарурӣ андешида  шуд.  Алалхусус аз фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 232  ҳазор сомонӣ ба 920 нафар  шахсону оилаҳои эҳтиёҷманд  кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.

Дар баробари ин роҳбарияти шаҳр дар арафаи идҳо ба аёдати зиёда аз 250 нафар шахсони яккаю танҳо ва маъюбон рафта ба онҳо маводҳои хӯрока, аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар  кӯмак карда шуд.

Дар соли 2018 ба 4438 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд, шахсони яккаю танҳо ва имконияташон маҳдуд ба маблағи умумии 525,5 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуда, 86 нафар маъюбони эҳтиёҷманд бо аробачаҳои маъюбӣ, 2 нафар бо роҳгард, 20 нафар бо асо таъмин карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки санаи 3 январи соли 2019 маъюби гуруҳи якум шаҳрванд Азизова Маҳваш, ки   бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб ба замини наздиҳавлигӣ қаблан таъмин карда шуда буд, ба раиси шаҳр барои кӯмак муроҷиат намуд. Вобаста ба муроҷиаташ ӯ бо маводҳои ғизоӣ таъмин карда шуда, ҳамчунин барои сохтмони манзили  истиқоматӣ дар замини ҷудогардидааш бо масолеҳи сохтмонӣ низ дар рӯзҳои наздик таъмин карда мешавад.

Бахши бойгонӣ- батбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code