Сатр аст дигар маънии афкори хурофӣ

Ҳар маротибае, ки душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат надик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на ҳамаи онҳо ба наҳзат иртибот доранду иҷборан онҳоро ба ин гурўҳи моҷароҷў ва ифротгаро шомил месозам. Аммо ҳамин ки матолиби иѓвогаронаашон интишор меёбанд, яқин мекунам, ки онҳо аз тафаккури наҳзатӣ болотар андешида наметавонанд. Далел ҳамин мавзўи сатр аст, ки дар саргаҳи таълимоти наҳзатӣ қарор дорад. Ҳарчанд ки дар доираҳои ѓарбӣ масъулини наҳзатӣ аз демократия ва озодӣ ҳарф мезананд ва раҳбари фирории он аз тариқи минбарҳои аврупоӣ дар ин замина доди сухан медиҳад, дар умқи андеша сатру маромимоти фарсудаи мазҳабӣ нуҳуфтаанд. Ин ҷо (манзур доираи фаҳмишу биниши намояндагони наҳзатӣ дар назар аст) демократия ва озодӣ нақше надорад. Матлаби ахирии созмони ифротии “Гурўҳи 24” таҳти унвони «Поймолшавии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нав» ин иддаоро собит месозад.
Дар пушти Сарқонун пинҳон шуда, даъвифурўшӣ кардан дигар ба кори рўзмарраи доираҳои хушкандеше мисли Гурўҳи 24 табдил ёфтааст. Сарқонун тадбирҳоеро алайҳи хурофотиёну ҷаҳолатписандон низ пешбинӣ кардааст. Дигар, Сарқонуни мо низоми давлатдории дунявиро пуштибонӣ мекунад, на низоми динӣ-мазҳабиро. Бо такя ба Сарқонун, ҳар нафаре, ки зидди арзишҳои дунявӣ мебарояд ва хурофотро ба унвони меъёри зиндагӣ ошкоро таҳмил менамояд, муҷрим шинохта мешавад. Давлати дунявӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаққи тасмимоти ҷиддиро дар қиболи риёкориҳои мазҳабӣ дорад. Бинобар ин, аз сатру ҳиҷоб сўйистифода накунед, ҷанобони Гурӯҳи 24! Гузашта аз ин, ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Фаронса рух дод, ин иддаои наҳзатиро ботил месозад. Дар Фаронса озодиҳои тамоми нажоду халқиятҳо риоят мешавад, вале баъзе бонувони мусалмон ин озодиро таҳриф карда, сатру ҳиҷобро риёкорона ба сар карданд ва мардуми Фаронса маҷбур шуд, ки пеши роҳи ин навъ риёкориро, ки таҳти таъсири гурўҳҳои ифротгаро ва радикали исломӣ қарор доштанд, бигирад. Бубинед, Фаронса як аз кишварҳои демократитарини ҷаҳонист ва замоне ки дарёфт бо ифротгаройии мазҳабӣ дар қолаби даъвифурўшиҳои занони мусалмон мувоҷеҳ шудааст, роҳкорҳоро дигар кард ва бо фишори мардуми Фаронса ба сатру ҳиҷоб посухи қонунӣ дод. Дар ҷомеаи мо сатр ба сифати муди мазҳабӣ ва ҳатто иддаои динӣ-исломӣ роҳандозӣ гардида, занонро сироят карда истодааст. Агар давлат ва мақомоти марбутаи давлатӣ сари ин масъала бо ҷиддият андеша накунанд, баъд дер мешавад. Он чи ки Гӯруҳи-24 интишор додааст, риёкорие беш нест. Магар давлат ва халқу мамлакат бо сатру ҳиҷоб обод мешавад? Ҳанўз Мавлоно Ҷомӣ риёкории мусалмононро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дар «Баҳористон» ҳушдор дода буд:
Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,
В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.
Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,
К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!
Аммо гўши ношунавои Гурўҳи 24 фармудаю ҳушдорҳои бузургони илму дини тоҷикро нодида мегирад ва танҳо назари хушку пўсидаи хешро асли дин ва мазҳаб медонанд ва мардумро таҳти фишори идеологӣ ва сиёсию мазҳабӣ қарор медиҳанд.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24 аз тариқи матлаб сатрпўширо рамзи диндорӣ, тақводорӣ ва имондорӣ талаққӣ намудааст. Охир, сатрпўшӣ имрўз муд шуда, ҳар кию ҳар чӣ ба хотири риёкорӣ ва худнамоӣ, ки одати аксари кулли рўҳонияти муҳофизакор ва мутаассиб мебошад, дар қолаби сатри мусалмонӣ ҷилва мекунад ва ба дигарон, минҷумла занону бонувон мефаҳмонад, ки зан бояд чӣ гуна бошад. Иффат, покӣ, беолоишӣ ва тақводориро танҳо дар зоҳир – пўшидани сатр дидан ва бад-ин минвол худро миёни аҳли ҷомеа ҷилва додан аз мушаххасоти кори тоифаи махсус шудааст.
Аз назари психологӣ, сатрпўш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигарон (занону духтарон дар назар аст)-ро дар баробари худ ноқис ва беҷогард нишон медиҳад. То он даме ки дигар занон сатр напўшанд, онҳо дар назари ин ашхос нопок, кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин аст маънои рамзӣ-символикии сатр аз нигоҳи илми равонковӣ. Ба ин маъно, сатрпўшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста алайҳи соири занҳои берўсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурўшанд. Ин аст, ки ин гуна занҳо, ки огоҳона ва ҳадафмандона сатр мепўшанд ва миёни ҷомеа ҷилва мекунанд, пеш аз ҳама, даъвӣ пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар менамоёнанд. Дар асл, онҳо бо шакли намоишӣ симо ва амалашонро демонстратсия мекунанд ва таблиѓоти динӣ-мазҳабии мақсаднокро анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин тоифаи муздур ва ҷаҳолатгаро давлат ва хукумати дунявӣ чораҳо меандешад ва агар чораҳои зарурӣ андешида нашавад, он метавонад дигаронро сироят кунад ва ҷомеаро ба ноамнию бесуботӣ бикашонад. Низоми дунявӣ ҳамин навъи талаботро дар баробари худнамоию риёкориҳои динӣ-мазҳабӣ, ки оқибати хатарбор доранд, мегузорад. Ин ҳуқуқи низоми давлатист. Шумо хуб медонед, ки дар давлатҳои низоми кўхнаи динидошта сатр иҷборист ва ҳар зане ки ба ин мадрак тобеъ нест, муҷозоти сахт мешавад. Чаро имрўз талаботи давлати дунявиро, ки Тоҷикистон дар масири он гом бардошта истодааст, нодида мегирем ва аз худ «қаҳрамон» метарошем. Бас аст худнамоию риёкорӣ!

Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар
2 январи соли 2019

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code