Мусобиқаи варзиши дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардид

Дар доираи Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни наврасони синну соли 2005 таҳти унвони “Варзиш барои тарзи ҳаёти солим”, барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, дар саросарӣ ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо ШВКД-и шаҳри Кӯлоб кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Футболи хурд”-ро  бахшида ба дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ санаи  3-юми январи соли равон,  дар майдончаҳои назди Варзишгоҳи марказии шаҳр,  баргузор  намуд. Дар мусобиқаи мазкур 5 даста, дар ҳайати 50 нафар варзишгарон иштирок намуда истодаанд.

Мақсад аз баргузории чунин мусобиқа ин рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳайёти солим байни ҷавонон  мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷамбасти мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Футболи хурд”, санаи 5-уми январи соли равон, дар майдончаҳои варзишии назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб гузаронида мешавад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code