Мушти ҳақиқат ба рӯйи наҳзат

Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аҷибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аҷиби дар соли гузашта рухдода муноқишаи тудаи террористони наҳзатӣ бо яке аз аъзоёни ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон буд. Аз як тараф сар задани чунин як ҳолати ногувор зимни баргузории ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ амали нохуб буд. Вале таҳлили ҷараёни ҳодисаи мазкур ва тамошои навори видеоии он муноқиша исбот мекунад, ки фаъолони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо мақсади бадном кардани ҳайати Тоҷикистон ин иғворо барангехта будаанд.
Агар фаъолияти чандинсолаи наҳзатиҳоро таҳлил кунем, мефаҳмем, ки табиату тарзу усули рафторашон чунин аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ҳамеша иғвою тавтеа месозанд ва ҳиллаю найрангро ба кор меандозанд. Ба чунин иғвогарию макрҳо бештар дар ҳолатҳое даст мезананд, ки беилоҷ мондаанд. Дар шароити кунунӣ ҳам ин тудаи террористу ҷинояткор заифу нотавонанд ва комилан дар назди мардуми кишвар ва берун аз он расво гардидаанд. Зеро тамоми ҷиноятҳою хиёнатҳояшон фош гардидааст ва мақсадҳои баду нопокашон ҳам ба ҳама маълуманд. Тавре ки аз муносибати ниҳоят сарди намояндагони САҲА ба фаъолни наҳзатӣ ҳангоми баргузории конфронс дар Варшава маълум гардид, созмонҳои байналмилалӣ ҳам дигар чеҳараи аслии ин ҷинояткоронро шинохтаанд ва ба онҳо эътимод надоранд.
Ҷиҳати дигари ҷолиби воқеаҳои он шабу рӯз иштироки ду нафар аз роҳбарони собиқи наҳзатӣ (Айёмиддин Сатторов ва Мулло Абдураҳим) дар конфронси мазкури САҲА ба ҳисоб мерафт, ки наҳзатиҳоро ба даҳшат андохта буд. Ин ду нафар тамоми амалҳои палидона ва ҷиноятҳои ташкилоти террористии мазкурро зимни суханрониҳо ва баҳсҳояшон дар конфронси номбаршуда фош карданд.
Дар натиҷа чунин ҳолате ба миён омад, ки роҳбарони наҳзатӣ барои бадном кардани ҳайати Тоҷикистон ба ҷуз аз иғвобарангезӣ ва муноқиша кардан ягон илоҷи дигаре наёфтаанд. Маълум аст, ки ташкили ин муноқиша аз тарафи раёсати наҳзатӣ пешакӣ маслиҳат шуда ва бо дастури роҳбарашон амалӣ карда шуда буд. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ масъулони наҳзатӣ чунин ҳолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода ба ғайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи манфурашон дигар илоҷе надошт. Ин ҷинояткорон Айёмиддин Сатторовро таҳқиру масхара карданӣ буданд, аммо боз худашон расво шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Варшава муноқишаи мазкурро санҷишу таҳқиқ карда, ба хулосае омад, ки ҳамин гурӯҳи террористони наҳзатӣ айбдоранд. Ин ягон ҷойи тааҷуб ҳам надорад, зеро ҷинояткор агар ба Аврупою Амрико ҳам равад, боз ҳамон ҷинояткор мемонад.
Ҳамин тавр, зимни баргузории конфронси САҲА дар моҳи сентябри соли гузашта мардуми кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди иғвобарангезию маккории наҳзатиҳои палид гардиданд. Моҷаро ва тавтеасозиҳои роҳбарону масъулони наҳзат дар он ҳолат баръало ошкор шуд. Албатта дар он маврид бо вуҷуди талоши зиёд ва ба кор андохтани ҳар гуна ҳиллаву найранг наҳзатиҳо дар рафти конфронси мазкур ба ҳадафи нопоки худ ноил нагардиданд, зеро ба роҳи хато ва ҷинояткорию хиёнаткорӣ рафтаанд.
Аъзои ҳайти Тоҷикистон Мурод Саидзода, ки ҷавонмарди дорои нангу номус ва ҳисси ватандӯстӣ будааст, палидию ифлосӣ ва нобакории масъулони наҳзатиро аз наздик дида, ба таври табиӣ ва ҳамчун як шаҳрванди кишварамон вокуниш нишон дода буд. Воқеан дар муқобили иғвогариҳои душманонаи наҳзатӣ он лаҳза ягон амали дигаре ҳам дуруст намеомад. Дар асл, ин на танҳо мушти Мурод Саидзода буд, балки мушти тамоми миллат ба башараи манфуру хабиси наҳзатиҳо буд.

Парвизи Мирзо, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code