Босмачиҳо

Аблаҳони нобакор босмачиҳо,
Хокбарсар сарбадор босмачиҳо.
Аз азал будед ҳама оқипадар,
Заҳр доред мисли мор босмачиҳо.

Фармонбари душманони миллат будед,
Алҳақ шумо каси ба иллат будед.

Хуни ноҳақ бешумор рехтед шумо,
Ин қадар пасту разил ҳастед шумо.
Зархаридони бурун аз кишваред,
Хӯрда луқмаи ҳаром мастед шумо.

Фармонбари душманони миллат будед,
Алҳақ шум окаси ба иллат будед.

Ҳам палиду ҳам разил босмачиҳо,
Гаштаед хору залил босмачиҳо.
Худ надоне дбаҳри кӣ хизмат кунед,
Беватан халқи бахил босмачиҳо.

Фармонбари душманони миллат будед,
Алҳақ шумо каси ба иллат будед.

Эй каси оқипадар босмачиҳо,
Бекаседу дар ба дар босмачиҳо.
Эй касифони модарбахато,
Аблаҳони хокбасар босмачиҳо.

Фармонбари душманони миллат будед,
Алҳақ шумо каси ба иллат будед.

Шамсӣ ҚАМАР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code