Бобоҷон Қаюмов, худфурӯхтае ки одамгарӣ дар вуҷуди ӯ қирон овардааст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Дар матни ҷомеа пайдо гардидани ашхоси булаҷаб ва мураккаб ба монанди Бобоҷон Қаюмов (Б.Қаюмзод), ки дар хатти иштибоҳии наҳзат умрест худиву бегонаро ҷоҳилона мефӯрушад, хатои фоҳиши табиат содир шудаааст. Ҳамчун пайомади ин муносибат, сарфи беҳудаи вақт дар тарбияи ин афрод аст. Чун шогирди сарсупурдаи М.Ҳимматзода дар обу лой кардани маблағи гурезагон маззаи маблағи дуздиро чашид, фанду фиреби облойкуниро хеле хуб омӯхт. Ҳилаи шаръии мадрасаҳои динии ҳамсоякишварро таҷриба кард.
Фаҳмид ки «бо кач кулоҳ ниҳодан» устоди соҳаи ифротият метавон шуд. Дар ҳалқаи диалогии Кабирӣ ворид шуд. Хиромон қадам мезад. Риши худро новобаста аз насиҳати падарӣ метарошид. Ибораҳои сарозершудаи ланҷу туршгаштаро истифода мекард. Сиёсатмаоб шуда буд. Дунявимашраб мепиндошт худро. Роҳи наҳзатро иштибоҳӣ медонист. Чун дар умқи сафсатаи раҳбари нави ҳизби террорист фурӯ рафта буд, ботлохи бесару нӯги иғворо титу парешон кард.
Ин ангалак, ки ба пули муфт ва пайти муфт одат карда буд, дар Аврупо худро ёфт, аниқтараш чун муриди роҳи шаҳодат аз пайи раҳнамоиҳои каҷрафтораш шароити зиддимиллиро муҳайё сохт. Хислатҳои шахсӣ-равонии Б.Қаюмзодро наздиконаш ин тавр тавсиф мекунанд:

1) Мафтуни бесарҳад аз шахсияти саркардаҳои террорист У.Б.Ладин, С.Қутб, Ҳ.Банно. Ин маҳбубият пардаи чашми Қаюмовро гирифтааст, ки дарёи хунеро ки тарафдорони таълимоти ин бегонапарварон рехтаанд, намебинад.
2) Баднафсӣ. Б.Қаюмзод ҳамавақт иштиҳои бедор дорад. Майл ба пул ӯро водор мекунад, ки ҳамвақт дар ҳалқаҳои назидки наҳзат қарор гирад. Аввал Ҳимматзода буд, сонӣ Нурӣ мабдаъи парастишаш буд. Ҳоло шахси «мунҳасир ба фард» Кабирӣ. Раҳбар- разрушитель.
3) Бепарвоӣ ба хонадон. 4 сол аст, ки дар ёвасароӣ ном бароварда ҳамаро ба ғаму кулфат дучор кардааст. Кулфати хиёнтаманишӣ, миллатситезӣ ва душмантарошӣ.
4) Ёвагӯӣ. Дар арзёбиҳои сатҳӣ ва ғайримунсифонаи Б.Қаюмзод дар шабакаҳои иҷтимоӣ, на аз мусулмонӣ нишон аст ва на аз одамгарӣ аломате. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона, иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ ва бо чӣ мақсаде таҳия мешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор доданӣ бошанд, ин масалро Б.Қаюмзод дар пешониаш хуб ҳаккокӣ кунад, ки «Обро бо ҳован куфтан» нашояд. Сад занад сӯзангар, як занад оҳангар.

Ҳамин тариқ, Б.Қаюмзод боз дар ҷое аз баданаш нақш бандад, ки ниҳодҳои иттилоотии ватанӣ оҳангаранд, таҷрибаи ноби руфтани ин ботилафкорҳоро хеле хуб медонанд. Ва муаллифонашонро. Ҳарзагӯӣҳои Қаюмзод, ки авлодан тамоюл ба барангехтани кинаву адовати динӣ дорад, ҳамсони хаси сари роҳанд ва руфтанашон ба ҷоруби кӯчабозорӣ саҳлу осон.

Қутбӣ Каримов, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code