Саноат- ҳадафи чоруми миллӣ

Дар Паёми имсола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Тазаккур бояд дод, ки дар 11 моҳи соли  ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб  14 коргоҳи саноатӣ ва  2 корхонаи саноатӣ   ба истифода дода шуда, дар ин замина  123 ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат ташкил карда шуд. Ҳамзамон  КМ “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекории дуру дароз бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 70 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Дар соли равон корхона  ба маблағи 7, 2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр бо сармоягузорони чинӣ оид ба бунёди корхонаи коркарди пурраи нахи пахта  масъалагузорӣ намуд. Ҷиҳати ҳалли масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар мавриди сохта ба истифодадиҳии силсилаи  корхонаҳо зиёда аз 3750 нафар шаҳрвандон  бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Дар баробари ин дар вохӯрӣ бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Хитой барои ҷалби соҳибкорони хитоӣ рӯйхати 15 корхона ба онҳо пешниҳод карда шуда, ҳуҷҷатҳо барои ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ омода шуда истодаанд.

 Дар ин давра дар се корхонаи хишти пухта 2522 ҳазор дона хишти пухта   бо истифода аз ангишт истеҳсол карда шуд, ки  нисбат ба ҳаминдавраи    соли гузашта 833 ҳазор зиёд буда, 149 фоизро ташкил дод.Духти либосҳои мактабӣ ҳамагӣ 23103 донаро ташкил дод, ки нисбат  ба  ҳамин давраи соли гузашта 13853 дона зиёд буда, афзоиш 250 фоизро  ташкил дод.

Тавре маълум аст таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин барои таъсиси  минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб 309 га замин муайян карда шуда, тибқи  тартиби тасдиқшуда корҳо дар ин самт идома доранд.

Новобаста аз мушкилоти молиявӣ дар зарфи 11 моҳ дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, корхонаҳои саноатии шаҳр якҷоя бо бахши хусусӣ ба маблағи 196 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,7 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат 118,6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра зиёда аз 68 номгӯйи маҳсулот истеҳсол карда шуда, 25 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ҶДММ “Комбинати хонасозӣ”-1,7 маротиба, ҶДММ “Мунаввара -М”-5 маротиба, ҶДММ “Иборатмоҳ”-1,7 маротиба, ҶДММ “Умед-2012”-1,7 маротиба, ҶДММ “Кооператор”-2,7 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуданд.

                                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code