Табрикоти солинавии Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло

 Ҳамдиёронӣ аиз !

Бо як ҷаҳон умеду ормонҳои нек Шумо-сокинони шарафманди Кӯлоби бостониро бо фарорасии Соли нави мелодии  2019  табрику муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту иқболи чун барф сафед, рӯзгори пурфайзу баракат ва неъмати фаровонро таманно дорам.

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини шаҳри Кӯлоби бостонӣ имрӯзҳо таҳти таассуроти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта, соли 2018-ро бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ҷамбаст намуданд.

Мо ки дар остонаи соли нави 2019 қарор дорем, натиҷагирӣ аз соли 2018-уми гузаштаистода ва муайянкунии нақшаҳои соли ояндаро зарур мешуморам.

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо сол аз сол рушд карда, сулҳу ваҳдат таҳким меёбад ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи давлати мо мустаҳкам шуда истодааст.

Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор шуруъ намуд.  Бунёди ин иншооти муҳими стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азизамон хизмат хоҳад кард.

Соли 2018 барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла    аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб соли таърихӣ ва бобарор  буд.

Соли 2018 аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба 210,9  ҳазор нафар расид, ки нисбати соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ нақшаи андозҳо 102 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 1,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн. сомонӣ зиёд буда, нақшаи ҳамаи намуди андозҳо пурра иҷро гардиданд.

Дар соли равон нақшаи андози иҷтимоӣ 102,8 фоиз  иҷро гардида, ба 18 ҳазору 258 нафар нафақагирон нафақапулӣ пурра пардохт гардид.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 93,8  млн. сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардида, аз маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 86,7 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шуд. Қарзи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.

Дар соли 2018 нақшаи андозҳо бо мушкилӣ таъмин гардида, бинобар ин  216 қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 12,1 млн. сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 10,6 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Ҳол он, ки иҷрои барзиёди нақшаи андозҳо барои ҳалли бисёр масъалаҳои ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Дар баробари ин шаҳри Кӯлоб дотатсионӣ буда, гарчанде, ки маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ нисбати соли 2014 аз 54 фоиз то 29 фоиз дар соли 2018 кам шуда бошад ҳам, бояд аз захираю имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, шаҳрро аз дотатсияи давлатӣ барорем.

 Дар соли 2019 нақшаи андозҳо нисбат ба соли 2018-ум 10 млн. сомонӣ зиёд тасдиқ гардид. Мавриди зикр аст, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷет низ нисбат ба соли 2018 ба мабалағи 13,9 млн. сомонӣ зиёд гардида, маблағгузориҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш аз 9 то 31 фоиз афзоиш дода мешаванд.

Дар соли ҷорӣ 2270 ҷойҳои нави корӣ, таъсис дода шуда,  977 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон 916 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуда, 100 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 50 нафари дигар бо гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Бояд қайд намуд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ маркази махсус таъсис дода шуда, дар маркази мазкур занону духтарони хонашин ба атласу адрасбофии дастӣ ҷалб шуда истодаанд.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда айни замон бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ҳалли худро наёфта, аз рӯи таҳлилҳо аз 116 ҳазор нафар шахсони қобили меҳнат 49,5 ҳазор нафар ё 43 фоизи он бекор мебошанд (38 ҳазор нафар бекор ва 11572 нафари дигар дар муҳоиҷирати меҳнатӣ).

Дар соли 2019 масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ, яке аз масъалаҳои афзалиятнок муайян гардида, дар заминаи бунёди коргоҳу корхонаҳои нав, бунёди гармхонаҳо, сардхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 4 ҳазор ҷойҳои нав таъсис дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар солҳои минбаъда бунёди 15 корхонаҳои гуногунро  ба нақша гирифтаем, ки  дар онҳо зиёд аз 10 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар шаҳру деҳот 11 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаҳои маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истода, то 1 декабри  соли равон 9,4 млн. доллари америкоӣ аз худ карда шуд.

Дар ин давра музди миёнаи меҳнат 908,9 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32,0 сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр якҷоя бо бахши хусусӣ ба маблағи 196 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,7 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат 118,6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра зиёда аз 68 номгӯйи маҳсулот истеҳсол карда шуда, 25 корхона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуданд.

Дар соли ҷорӣ   14 коргоҳи саноатӣ ва  2 корхонаи саноатӣ   ба истифода дода шуда, дар ин замина  123 ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат ташкил карда шуд. Айни замон дар 48 корхонаи саноатӣ ҳамагӣ 1074 нафар фаъолият доранд.

Ҳамзамон  корхонаи “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекории дуру дароз ба кор даромад ва 70 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Дар соли равон корхона  ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Дар соли равон дар ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” 22 ҷои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми маҳсулот нисбат ба соли гузашта 150 фоиз зиёд гардид. Дар ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” 25 нафар ба кор ҷалб гардида, ҳаҷми маҳсулот нисбат ба соли гузашта 172 фоиз зиёд шуда, маҳсулотҳои сохтмонӣ аз қабили пояҳои оҳану бетонӣ, хишти сементӣ, рег, қуми шустагӣ, обнова истеҳсол карда шуд.

ҶДММ «Даврон_К» собиқ  (Заводи нони  Кӯлоб) дар  соли равон ба маблағи 315  ҳазор сомонӣ маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол намуд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар корхона дар баробари маҳсулоти нонӣ инчунин маҳсулотҳои нави қаннодӣ (қанд, кулчақанд (печение) истеҳол шуда истодааст

ҶДММ «Комбинати шир» ба маблағи 443 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ширию қаннодӣ истеҳсол намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 61 ҳазор сомонӣ зиёд ё 116 фоиз буда, 28 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

ҶДММ «Ориён-Рустам»(комбинати гӯшт) ба маблағи 261,5 ҳазор сомонӣ сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ё 107 фоизро ташкил дод. Дар корхона ягона коргоҳи забҳи чорво дар шаҳр сохта шуда, соҳибмулк таҷҳизотҳои замонавӣ барои коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро дар моҳҳои  наздик ворид намуда, 15 ҷойҳои нави кории иловагӣ муҳаё менамояд.

ҶДММ «Пойафзоли Кӯлоб»  номашро ба ҶДММ “Нидои Кӯлоб” иваз карда, 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои духти болишту курпа ва ғайра ба кор таъмин намуда, коргоҳи  истеҳсоли макарон дар моҳи октябр ба кор оғоз карда 8 нафарро ба кор ҷалб намуда, 8 тонна макарон истеҳсол намуда, айни замон фаъолияташро идома дода истодааст.

Дар ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча ва  мебел  шурӯъ гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ ворид гардида, дар майдони заминҳои  ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд.

Дар ин давра дар се корхонаи хишти пухта 2522 ҳазор дона хишти пухта бо истифода аз ангишт истеҳсол карда шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 833 ҳазор зиёд буда, 149 фоизро ташкил дод.

Духти либосҳои мактабӣ ҳамагӣ 23103 донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13853 дона зиёд буда, афзоиш 250 фоизро ташкил дод.

Дар баробари пешравиҳо дар соли ҷорӣ 9 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб»,  ҶДММ «Усмон-Д», ҶДММ «Сайдалӣ-А», ҶДММ «Панҷараҳои Пластикӣ», ҶДММ «Ёхсучиён», ҶДММ «Далер», ҶДММ «Сайёд-К», ҶДММ «Кӯлобгаз», ҶДММ «Мададгор» умуман фаъолият накарданд.

Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон  намуданд,  ки   ин барои рушди шаҳри Кӯлоб низ ниҳоят муҳим мебошад.

Бо назардошти ин ва барои бо иқтидорҳои пурра  фаъолият намудани корхонаҳои мавҷуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав нақшаи амал таҳия гардида, тибқи он дар соли 2019 бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шуда, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба  250 млн. сомонӣ расонида мешавад, ки нисбати соли 2018-ум  43 млн ё 24 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр бо сармоягузорони чинӣ оид ба бунёди силсилаи корхонаи коркарди пурраи нахи пахта  масъалагузорӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.  Дар мавриди сохта ба истифодадиҳии  корхонаҳои зикргардида зиёд аз 3750 нафар шаҳрвандон  бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамзамон аз  буҷети ҷумҳуриявӣ субвенсия ба буҷети шаҳр хело кам мегардад. Дар баробари ин дар вохӯрӣ бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Хитой барои ҷалби соҳибкорони хитоӣ бо мақсади бунёди 15 корхонаҳои саноатӣ мувофиқа шуда, барои ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ  маводҳо омода шуда истодаанд.

Тавре маълум аст таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин дар соли 2019  минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар майдони 309 га замин таъсис дода хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 6 ҷамъият ва Терминали Кӯлоб ба мусофирбарӣ машғул буда, дар 16 хатсайр ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Соли равон барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ 2 хатсайри нав  таъсис дода шуд.

Барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мусофирон ҷиҳати  харидорӣ намудани 20 автобус ва 20 микроавтобуси замонавӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ пешниҳод гардид, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон соҳибмулки Терминали Кӯлоб  10 автобуси замонавӣ  дастрас хоҳад нмуд.

Дар давраи сипаригардида аз ҷониби муассисаҳои роҳсозӣ ва бо ҷалби соҳибкорон дар умум 2,6 км роҳҳои автомобилгард таъмири асосӣ, 39,7 км таъмири ҷорӣ ва 5 км роҳ сангфарш карда шуданд.

Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар марҳилаи дуюм дар масофаи 11,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру таҷдид карда шуда,  2 купрук сохта ба истифода супорида шуд.

Дар соҳаи нақлиёт масъалаҳои ҳалталаб низ ҷой доранд.

Аз рӯи таҳлили мутахассисон 114,5 км роҳҳои автомобилгард дар ҷамоатҳои деҳот ва 25 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ таъмирталаб мебошанд.

Дар соли 2019 дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ 12,1 км роҳҳои дохилишаҳрӣ аз ҷумла кӯчаи Даминзода 2700 метр, Корези поён 500 метр,маҳаллаи Борбад 700 метр , Ҷаббор Расулов 1200 метр, кучаи Ҷума Алӣ –Дустӣ -2750 метр, Нурулло Ҳувайдуллоев 1750 метр, кӯчаҳои Неъматов- Алабердӣ-Ҳамадонӣ -1500 метр, маҳаллаи Ҳилоли Ахмар 500 метр, кучаи 1-май 500 метр таъмири асосӣ карда шуда,  равшаннамоии кучаҳои зикргардида беҳтар  хоҳанд  гардид.

Барои беҳтар намудани равшаннамоии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр,  соли ҷорӣ  74 қандил ва 6300 лампаҳо иваз карда шуда, 11 км кабелҳо ва 6,3 км ноқилҳои ҳавоӣ таъмиру иваз карда шуданд.  Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон  дар кӯчаҳои Сангак Сафаров, Нурулло  Ҳувайдуллоев, 1- Май, Худоёр  Назаров, Ҳамадонӣ ва Ҳилоли Аҳмар 233 лампаҳо насб карда шуд, ки равшаннамоии кӯчаҳои мазкур беҳтар гардид.

Дар баробари ин равшаннамоии кӯчаҳои Даминзода, Лоҳутӣ,  М. Ҳакимов, Ойиша Сарварова,  Хатти роҳ, Корвонгузар беҳбудиро талаб менамояд.

Бинобар ин барои равшаннамоии кӯчаҳои зикргардида нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Дар 280 пояҳои барқӣ чароғакҳои ороишӣ насб гардида, шабона барои меҳмонону сокинони шаҳр ҷолиби диққат гардидааст.

Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 391,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 14,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 103,9 фоизро ташкил дода, дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ иҷро гардид.

Барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ  аз ҷониби соҳикори маҳаллӣ  сардхона бо иқтидори 650 тонна меваю сабзавот дар шаҳр сохта ба истифода дода шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана гармхонаи доимоамалкунанда сохта шуда, айни замон дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Тоқакаппа сардхона барои 100 тонна меваю сабзавот ва 42 ҷои фурӯш бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта ба истифода супорида  шуд.  Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ сохтмони 26 гармхона ва 4 сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулот идома дорад. Сохтмони сардхонаҳо барои баланд нагардидани маҳсулот мусоидат менамоянд.

Барои рушд додани моҳипарварӣ аз ҳисоби заминҳои санглох 24 хоҷагии моҳипарварӣ дар майдони 81,7 гектар ташкил карда шуда, ҳамзамон тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 30 нафар дар майдони 76 га майдони заминҳо барои ташкили хавзҳои моҳӣ ҷудо гардида, сайди моҳӣ 106,6 тоннаро ташкил дод.  Дар соли 2019 барои рушди моҳипарварӣ озмоишгоҳ барои парвариши моҳичаҳо таъсис дода хоҳад шуд, ки барои таъмини хоҷагиҳо мусоидат намуда, боварӣ аст, ки истеҳсоли моҳи зиёд мегардад.

Дар соҳаи кишоварӣ барои заминагузорӣ ҷиҳати гирифтани ҳосили баланд, таъмири бозорҳо бо маҳсулотҳои кишоварзӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар  2019 дар майдони 2557 га ғалладонагиҳо, 855 гектар сабзавот, аз ҷумла 315 гектар пиёз, 250 гектар помидор, 130 гектар бодиринг, 75 гектар карам, 132 гектар картошка  ва 130 гектар полезиҳо ва дар майдони 3000 га кишти пахта гузаронида хоҳад шуд.

Айни замон шудгор замин ва кишти зироатҳо бо маром идома дорад.

Дар моҳи марти соли 2019 фермаи паррандапарварӣ барои 100 ҳазор сар парранда ба истифода дода мешавад, ки барои таъмини аҳолӣ бо тухм ва гушти мурғ мусоидат намуда 60 ҷойҳои нави корӣ  муҳайё мегардад. Ҳамчунин сохтмони фепма барои 50 сар чорвои зоти шведӣ дар прпфпи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар соли 2019 бунёди 50 га боғ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмон корҳои пудратӣ ба маблағи 62,1 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра дар соҳаи сохтмон, сармояи асосӣ ба маблағи 59,7 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 56,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Корҳои пудратӣ ба маблағи 62,1 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 Ба кор андохтани фондҳои асосӣ 65,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, 93  иншоотҳои таъиноти гуногун ба маблағи 58 миллион сомонӣ, аз ҷумла бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ, когоҳи  қаннодӣ, ҳаммом, сартарошхона, ошхона, 3- коргоҳи дузандагӣ,  4-маркази савдо, 8-мағоза ва 10,6 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.  Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар марҳилаи якум бо харҷи 980 ҳазор сомонӣ хати оби нӯшокӣ барои маҳаллаи навбунёди 20 сохта ба истифода супорида шуда, таъмини 120 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ беҳтар гардид.

Айни замон дар 135 иншооти дигар, аз ҷумла 24 коргоҳу  корхонаи саноатӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 221 қарори раиси шаҳр барои сохтмон, азнавсозӣ ва вобаста намудани қитъаҳои замин ба тасвиб расида, аз ин 15 қарор барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, 11 сохтмони муассисаҳои таълимӣ, 28 марказҳои хизматрасонӣ, 28 марказу нуқтаҳои савдо, 4 қарори бунёди муассисаҳои тиббии хусусӣ  мебошанд.

Дар соли 2019  ба тариқи ҳашар бинои дуошёна бо  утоқҳои корию толорҳо барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба истифода дода шуда, дар баробари ин сохтмони маркази савдои 4 -ошёна,  нуқтаи таъмири мошинҳои сабукрав,  маркази савдо дар маҳаллаи 13-ум, маркази тибби хусусӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ, коргоҳи истеҳсоли тару тирезаҳои пластикӣ, сартарошхона  ва дорухона дар маҳаллаи Борбад, маркази савдо ва хизматрасонии 5-ошёнаи ҳозиразамон ва хонаи истикоматии баландошёна (7 ошёна) ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар соли равон 20,5 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 215 нафар эҳтиёҷмандон, тибқи протоколи комиссияи ҷамъиятӣ тақсим карда шуд.

Яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоӣ маориф ба ҳисоб меравад. Барои фаъолияти самаранок ба соҳаи мазкур дар ин давра 53,5 фоизи (50,1 млн. сомонӣ) маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардид.

Дар 10 муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла 2 хусусӣ 1356 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда,  ҳамзамон дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон 31 гуруҳ ташкил карда шуда, 692 нафар кӯдакон ба тарбия ҷалб гардидаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ 46,7 ҳазор  нафар хонандагон, аз ҷумла 22,76 ҳазор нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 4 соли охир шумораи хонандагон 2605  нафар ё 5,5%  зиёд шудааст, ки ин тақрибан 78 синфро ташкил медиҳад. Ин сабаби  дар ду – се баст  таҳсил намудани  хонандагон гардидааст.

Барои беҳтар намудани шароити хонандагон ва аз хонаи шахсӣ пурра баровардани онҳо ба тариқи ҳашар дар назди    филиали МТМУ №17 дар деҳаи Таниёли Ҷамоати деҳоти  Даҳана бинои нав иборат аз 4 синфхона ва утоқи муаллимон сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин бинои нави синфхонаҳо бо тамоми шароити хониш дар филиалҳои МТМУ №39 дар деҳаи Сарёзидашт ва  филиали МТМУ №36 дар деҳаи Бахтободи  Ҷамоати деҳоти  Зиракӣ  ба тариқи ҳашар сохта ба истифода супорида шуд.

Сохтмони бинои нав дар МТМУ №21 дар деҳаи Корези поёни  Ҷамоати деҳоти  Зиракӣ ба тариқи ҳашар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот  тибқи нақшаи тасдиқшуда бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва ҷалби  хатмкунандагони муассисаҳо пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Дар баробари ин муассисаҳои томактабии   №№1,2,3,7,11 таъмиру рангу бор карда шуданд.

Ҳамчунин дар соли 2018 муассисаҳои таълимӣ бо 840 мизу курсӣ таъмин гардида, яке аз масъалаи ҷойдошта ҳалли худро ёфт.

Бояд зикр намуд, ки  имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тавассути марказҳои тестӣ амалӣ гардида, 2652 ё 68 фоизи хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, ҳамчунин ба донишкадаҳои хориҷи кишвар  185 нафар хатмкунандагон дохил шуданд.

Мушкилоти соҳа ин таъмирталаб будани 11 муассисаҳои таълимӣ (№20, 21, 26, 28, 31, 36, 38, 39, 40, 42),  дар ҳолати садамавӣ қарор доштани филиали муассисаи таълимии №41 ба шумор меравад.

Дар соли 2019 барои беҳтар намудани шароити хонандагон чораҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии №2 ба анҷом расида, дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар маҳалли 20, деҳаҳои Офтоблиқо барои 480 ҷойи нишаст, Сангпар барои 320 ҷойи нишаст идома дода хоҳанд шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Чаманзор, дар  муассисаи таълимии №41, деҳаҳои  В. Шамсови Ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаҳои  Файзобод, Гултеппа ва Хонободи Ҷамоати деҳоти Даҳана сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ шуда,  қарорҳои раиси шаҳр барои ҷудо гардидани қитъаи замин ба тавиб расиданд.

Ҳамзамон то соли 2021 дар маҳаллаҳои А.Сино, А.Ҷомӣ, Нурбахш, Чаманзор, Нуробод, деҳаҳои Гулистон, Обшорон, Хонобод, В. Шамсов, Гултеппа сохтмони мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ зарур мебошад. Биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №14 деҳаи Панҷосиёб, №39 деҳаи Сариёзидашт, №33 деҳаи Пистамазор, №38 деҳаи Мирапоқ, №49 деҳаи Тудакафш, №40 деҳаи Чорбоғ  низ  бояд сохта шаванд.

Тибқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 бояд то соли 2018-ум 13 муассисаи томактабӣ ва 5 муассисаи миёнаи таълимии хусусӣ сохта мешуд, мутаассифона ин нишондиҳандаи Барнома таъмин нагардид.Ба муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон дар таълиму тарбия муҳим буда, дар  соли 2019 бунёди 3 муассисаи томактабӣ пешбинӣ шуда, то соли 2021 бояд 13 муассисаҳои томактабӣ сохта шаванд.

Дар шаҳру деҳот 66 муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ, аз ҷумла 5 беморхона, 4- маркази саломатии шаҳрӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 12 марказҳои махсусгардонидашудаи саломатӣ ва 36 бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд.

Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббии шаҳру деҳот ба маблағи 376 ҳазор  сомонӣ, аз ҷумла  ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 6- бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ таъмир карда шуданд. Ба тариқи ҳашар дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор бунгоҳҳои тиббӣ ба маблағи 121 ҳазор сомонӣ сохта шуданд.

Дар ин давра ба 88,9 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Масъалаи ташвишовар ин дар қайд будани 368 нафар нашъаманд ва 831 нафар гирифтори ВНМО ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки аксарияти беморони ВНМО  нашъманд мебошанд. Бинобар ин барои пешгирии нашъамандӣ ва  гирифтор шудан ба ВНМО бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳру деҳот 95 духтури маълумоти олидор, бахусус мутахассисони тибби оилавӣ, кӯдакона, пуст, силшинос, терапевт, табибони бемориҳои чашм ва дигарон намерасанд.

Барои баланд намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар соли 2019  беморхонаи перинаталӣ бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ (назираш дар Осиёи марказӣ нест), беморхонаи асабу бемориҳои руҳӣ мавриди истифода қарор дода шуда, беморхонаи касалиҳои дил ба бинои нав муҷҷаҳаз бо таҷҳизотҳои муосир кӯчонида мешавад.

Дар соли равон 86 нафар маъюбони эҳтиёҷманд бо аробачаҳои маъюбӣ, 2 нафар бо роҳгард, 20 нафар бо асо таъмин карда шуда, 33 нафар ба осоишгоҳҳои Харангон, Шоҳамбарӣ, Баҳористон, Дӯстӣ ва Ромит бо роҳхат таъмин гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра 4763 оила ҳамчун камбизоат эътироф шудааст, ки 18 фоизи оилаҳои шаҳру деҳотро  ташкил медиҳад. Ба онҳо тавассути  бонк-1,6 млн. сомонӣ дастрас гардид. Барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ муҳим мебошад.

Барои дар сатҳи баланди  оммавию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳо тадбирҳои судманд амалӣ гардида, дар ин давра ҷашнҳои Соли нав, Рӯзи Артиши Миллӣ, Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  оғози кори чархи аввали НБО “Роғун”,  Рӯзи Парчам ва ғайраҳо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуданд.

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба таҷлили ҷашнҳои мазкур барномаҳои консертӣ ва театрикунонидашуда омода намуда, дар сатҳи зарурӣ барномаҳоро гузаронид.

Дар шаҳру деҳот 6 хонаи фарҳангӣ, 9 клуб, 23 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 1 шуъбаи методӣ ва Ансамбли тарона ва рақс амал намуда истодаанд.

Қобили қайд аст, ки дар соли 2019 Коллеҷи санъати шаҳр  мақоми ҷумҳуриявиро гирифта, бинои нотамом дар кӯчаи С. Сангов таъмиру тармим карда  шуда дар он коллеҷи мазкур ҷойгир карда мешавад. Боварӣ аст, ки Коллеҷи санъат дар омода намудани мутахассисони соҳа саҳмгузор хоҳад шуд.

Дар соли 2019 барои фароғати  сокинони шаҳру деҳот  тибқи супориши Пешвои миллат боғи фарҳангию фарғатии шаҳр, гулгаштҳои С. Назаров ва  С. Амиршоев, боғи И. Сомонӣ тибқи лоиҳаҳо  пурра таъмиру азнавсозӣ карда хоҳанд шуд. Боғи фарҳангии 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба тавозуни  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гузаронида шуда, аз рӯи лоиҳа таъмиру азнавсозӣ гардида, бахусус барои ҷавонон  тамоми шароити истироҳат фароҳам оварда хоҳад шуд.

Дар соли равон  21 хонаҳои баландошёна  таъмиру рангу бор карда шуда ҳамчунин корҳои созандагиву кабудизоркунӣ анҷом дода шуданд.  Тибқи нақша то моҳи августи соли 2019 ҳамаи 164 хонаҳои баландошёна таъмир карда хоҳанд шуд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” техникаҳои махсус дастрас карда мешаванд, ки барои беҳтар намудани кашонидани партовҳо ва ҳолати санитарии шаҳр мусоидат хоҳад намуд.

Яке аз масъалаи муҳим бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, бахусус маркази шаҳр ба шумор меравад.

Дар аксар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр нарасидани оби нӯшокӣ ҷой дорад. Дар фасли тобистон дар баъзе аз кӯчаю маҳаллаҳо дар 3 рӯз як маротиба аз рӯи реҷа об дода шуда, дар  баъзе аз деҳаҳо оби нӯшокиро аз масофаи 1-3 км дастрас менамоянд.

Барои беҳтар намудани таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 17,5 млн. доллари ИМА ба  Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷайка лоиҳа пешниҳод шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон ҳангоми сафари кории Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб лоиҳаи бо об таъминкунии маркази шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар соли 2019 лоиҳаи беҳтар намудани таъмини аҳолии шаҳр ба маблағи 71 млн сомонӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳамзамон барои таъмини деҳаҳо бо оби нӯшокӣ лоиҳаҳо пешниҳод шуда, аз ҷониби Бонки Рушди Осиё барои таъмини оби нӯшокии деҳаҳои Даҳана, Кул, С. Амиршоев,  Зиракӣ, Хоҷа Исҳоқ корҳои  сохтмонию хобонидани қубурҳои обгузар ба итмом расида истода дар рӯзҳои  наздик иншооти обрасонӣ ба истифода супорида мешаванд.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин шомилщавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба шумор меравад. Ҷиҳати пешгирии шомилшвии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ 216 чорабиниҳои фаҳангию варзишӣ доир карда шуд.

Ҳамзамон барои  ба варзиш фаро гирифтани ҷавон дар соли 2019 сохта ба истифода додани 5 толори варзишии пӯшида, 15 майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру деҳот пешбинӣ шудааст.

Дар соли равон 156 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи дзю-до, самбо, миллӣ, юнону римӣ, бокс, тениси рӯи миз, футбол, волейбол, баскетбол ва варзиши сабук бо фарогирии зиёда аз 690 нафар варзишгарон баргузор гардид.

 Варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 187 медал, аз ҷумла 53- медали тилло шуданд. Варшигарон Ҳалимов Муҳаммадҷон, Муродов Фазлиддин дар чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷиу Ҷитсу сазовари ҷойи аввал, Латипов Сорбон дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, онҳо парчами Тоҷикистонро баланд намуданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059  амри раиси шаҳр аз 11 июни соли 2018, №117  «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб» ба тасвиб расида, Нақшаи бунёду таъмири  иншоотҳои хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, роҳҳои автомобилгард дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳия карда шуд.

Тибқи он то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёду таъмири 683 иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонию таъмирӣ идома доранд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми  имсолаи Пешвои миллат бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021- “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд. Мақсади асосии  Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Ҷиҳати супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баёншудаи нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия шуда, чораҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда  сокинони   шаҳру деҳоти Кӯлобро  бо Соли нави мелодии 2019-ум  табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, бахту иқболи баланд ва комёбию рӯзгори ободро таманно дорам.

Бигузор Соли нав соли сулҳу ваҳдат,  фаровонӣ, бахту иқболи нав ва  созандагию ободкорӣ гардад.

Соли нав муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code