Ободӣ дар пайи ободии дигар

 

 

 

 

 

 

Барои сокинони хонаҳои баланд ошёна ободӣ пайи ободӣ омад. Бахусус дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Ҳасановҳо сохтмони бинои Маркази фароғатию варзишии модару кӯдак бо суръат ҷараён дошта иншооти мазкур мувофиқи  талаботҳои меъмориву шаҳрдорӣ  бунёд гардида,   пас аз  анҷом ёфтани  сохтмони иншооти  мазкур 100 нафар модару кӯдак ба табобат фаро гирифта мешавад.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми бино ҷои омода намудани хурокҳои тезтайёр, дар ошёнаи дуюм ҷойи бозии кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм нуқтаҳои машқварзии занон ва ороиши  мӯю рӯи занон кушода мешавад.

Бино ба иттилои муҳандисон сохмони мазкур нахустин  иншоотест, ки  ба модару кӯдак хизмат мерасонад.

Дар иншооти мазкур корхои андовагарӣ ва  мармарчинӣ  дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, лампаҳои  барқӣ насб шуда, дар ҳудуди иншоот дар масоҳати 140 метри 2  сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода шуда, дар ҳудуди 143 метр сангҳои ороишӣ  пушонида шудааст.

Дирӯз дар ҳудуди бино  бо ташаббус ва дастгирии  муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва худи соҳибкор Ороми Озодӣ дар масоҳати  550 м 2  мумфарш карда шуд.

Мардум аз амали хайри ин мардони наҷиб изҳори миннатдорӣ менамуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code