Таъмини ҷойҳои корӣ

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд,ки мақсад аз ин пешниҳоди боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъсиси  ҷойҳои корӣ мебошад.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли равон  барои ба кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ амалӣ гардид. Тибқи маълумотҳо дар зарфи 11 моҳи соли равон 2270 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеъӣ 1740 ҷой таъсис дода шуд.

 Дар ин давра 977 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, муҳосибӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва ғайра  фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд. Ҳамзамон 916 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуда, 100 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 50 нафари дигар бо гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

        Новобаста аз чораҳои андешидашуда айни замон бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ҳалли худро наёфта, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз рӯи таҳлилҳо 38 ҳазор нафар шахсони қобили меҳнат бекор мебошанд.

Дар се соли минбаъда эълон гардидани  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  имкон фароҳам меорад, ки шахсони бешуғл боз ҳам зиёдтар ба шуғл фаро гирифта шаванд.

                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code