Тавсияҳои М.Садриддин барои мурдаҳост

Вақтҳои охир ҷинояткори фирорӣ М.Садриддин оид ба либоси занҳо ва ҷузъиёти он дар расонаҳои хабарӣ зиёд менависад, ки хеле тааҷубовар аст. Масалан, ду рӯз пештар дар яке аз сомонаҳои ифротӣ матлаби навбатии вай бо номи “Ҳиҷоб чӣ аҳамияте дорад?” нашр гардидааст, ки пурра ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Ба ақидаи коршиносон, одам танҳо дар сурати гирифтор шудан ба ҳолати махсуси равонӣ, ки ба бемории рӯҳӣ наздик аст, метавонад аз ҳад зиёд ба масъалаҳои мазкур дилчаспӣ пайдо кунад. Яъне аз навиштаҳои М.Садриддин  дар бораи либос ва бадани занҳо бармеояд, ки вай гирифтори ҳолати ташвишовари шаҳвонӣ аст. Чунин ҳолат бештар ба муллоҳои мутаасиби ифротӣ (масалан наҳзатиҳо ва аъзоёни ДИИШ) хос аст. Ба тарзи либоспӯшии занҳо часпидани М. Садриддин ҳам собиткунандаи ДИИШ-ӣ будани ӯ мебошад.

Вай тавре дар бораи мақоми занҳо дар даврони қадим менависад, ки гӯё худаш ҳамон вақт вуҷуд доштааст. Маълум аст, ки мутолиаи дурусте надорад ва таърихро намедонад. Тасаввуроти ғалати худро, ки  танҳо дар асоси ривоятҳои шунидааш мебошад, сари дигарон бор карданӣ аст.

М.Садриддин тамоми мардонро таҳқир карда “чашмчарони гургсифат” меномад. Аммо вай ба таври нохудогоҳ сифатҳои худашро баён кардааст, яъне чашмчарону гургсифат нисбат ба занҳо худи уст. Лекин гумон дорад, ки ҳамаи мардҳо чунинанд.  Дар баробари таҳқиру тавҳини мардҳо вай ба дасту панҷа, “ҷисми латиф” ва “зебоиҳои занон” кордор мешавад. Ба ақидаи бадхоҳонаи вай, агар марде бо ягон зане  дар танҳоӣ бошад, ҳатман ба ӯ дастдарозӣ хоҳад кард. Чунин ақида танҳо дар сари нафаре мавҷуд аст, ки гирифтори ҳолати ташвишовари шаҳвонӣ ва бемории рӯҳӣ бошад. Ба фарқ аз М.Садриддин мардҳои дигари солим чунин нестанд ва эҳтироми занон, модарону хоҳаронро самимона ба ҷо меоранд.

Мардум ва хусусан занҳои Тоҷикистон имрӯз ақлу дониш доранд ва дар куҷо кадом либос пушидани худро медонанд. Ба ҳар ҳол дар ин маврид ба маслиҳатҳои М.Садриддин, ки тибқи идеологияи ДИИШ мебошанд, ягон зарурате нест. Агар зан мувофиқи маслиҳати М.Садриддин рафтор кунаду либос пушад, зиндагӣ карда наметавонад. Маслиҳати вай барои мурдаҳо дуруст меояд. Мутмаин ҳастем, ки ҳатто ҳамсари худи М.Садриддин мувофиқи маслиҳати ба дигар занҳо додааш либос намепушад.

Дар мағзи пуч ва хушкшудаи М.Садриддин ҳам мисли дигар экстремистҳои аъзои ДИИШ ва наҳзатиҳо  танҳо фикру хаёли бадхоҳона мавҷуд аст. Ба ақидаи ин гуна нафарони мисли М.Садриддин зан набояд таҳсил кунад, фаъолияти корӣ дошта бошад, набояд пешрафта бошад. Ин палидон занро танҳо ба сифати канизаки беҳуқуқ дидан мехоҳанд. Дар сари инҳо танҳо фикри заношуӣ ва қонеъ кардани ҳисси шаҳвониашон аст.

Занҳои муҳтарами Тоҷикистон, ки бо мардҳо ҳуқуқи баробар доранд ва дар тамоми соҳаҳо барои пешрафту тараққии кишварамон саҳмгузоранд, ниёз ба тавсияҳои хатарноку даҳшатангези ҳар гуна террористони мисли  М.Садриддин надоранд. Беҳтараш вай дар фикри худ бошад, чӣ гуна тавба мекунаду аз кардаҳояш пушаймон мешавад. Зеро бо чунин ақидаи экстремистӣ ва амалҳои террористӣ дер ё зуд дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Аммо бадбахтии асосии М.Садриддин бемории рӯҳии уст, ки торафт авҷ мегирад ва муолиҷанашавандааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code