Паёми Пешво, пайки ҳумоюн.
Паёми зиндагии рӯзафзун.
Паёми чашмасори Тоҷикистон,
Паёми кӯҳсори сар ба гардун.
Паёми азми қатъиву матонат,
Адолат, сулҳ, хушбахтиву қонун.
Паёми обу ободии кишвар,
Паёми кору нуру, чархи Роғун.
Паём аз нанги мо сарчашма гирад.
Зи нанги мо шавад олам дигаргун.
Сулаймон Султон
26.12.2018. соати 17-00