Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоикистон

 

 

 

 

 

 

Сокинони шаҳри Кӯлоб, намояндагони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳот  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси баланди ватандустӣ, ифтихори ватандорӣ ва расидан ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ  тамошо ва гӯш намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми навбатии худ ба рушди соҳаҳои халқи мамлакат диққати махсус зоҳир намуд.

 Қайд гардид, ки  соли  2018 пеш аз ҳама барои он хотирмон буд, ки ташаббуси чоруми мамлакати мо – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дигар падидаи нек ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, маҳсуб меёфт, ки бо шарофати он мардуми тоҷик ба орзуи чандинсолаи хеш мушарраф гашт.

Точикистон дар соли 2018 ба пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ ноил гардида, дар ин замина  дар ҷумҳурӣ зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд.

Пешвои миллат ироа доштанд, ки шумораи аҳолии ҷумҳурӣ  дар  соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Ва ин  раванд  тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Барои расидан ба ин ҳадаф деҳқонон бояд  обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоянд.

Пешвои муаззами миллат болоравии маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣро дар соҳаҳои бучетӣ таъкид дошта, қайд намуданд, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

Ҷиҳати расидан ба ин аҳдоф бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Барои рушди соҳибкорӣ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки барои кам кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ мусоидат карда шавад. Таъкид карда шуд, ки танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад. Илова бар ин, тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи қад-қади дарёи Вахш 4 миллиард киловатт – соат меафзояд.

Асосгузори  сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат ба иҷрои нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аҳамияти махсус зоҳир намуд.

Эълон гардидани соли 2019 -2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ба инкишофи инфрасохтори деҳот ва боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва  ҳунармандӣ мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои миллат дар паёми имсола низ таъкид дошт,ки бояд ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Аз ин рӯ аз аттестатсия гузаронидани  кормандони соҳаи маориф, то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар се сол  як маротиба саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Ҳамзамон дар Паёми имсола Пешвои миллат  камбудиҳои соҳаи тандурустиро   махсус  қайд намуд.

Эҳёи Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан аз дастовардҳои даврони истиқлолият арзёбӣ гардида, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми хеш таъкид намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code