Курси омӯзишии «Роҳбалади шоҳроҳи Абрешим»

Бо дастгирии сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир тур” Қурбонбекова Умеда ва дотсенти кафедраи “Туризм”-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе Ашуралиев Муродалӣ дар Маркази амрикоии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, курси омузишии тайёр кардани роҳбалади шоҳроҳи Абрешим, аз санаи 20 декабри соли 2018 то 29 декабр гузаронида шуда истодааст. Алакай рӯзи панҷуми  курси омузишии мазкур бо иштироки намояндагони шуъбаи рушди саёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кулоб ва донишҷуёни макотиби таҳсилоти миёна ва олии минтақаи Кӯлоб баргузор гашта истода аст.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code