Нақшаи андозҳо 102 фоиз таъмин гардид

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ чораҳои дахлдор амалӣ шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар зарфи 11 моҳи соли 2018 нақшаи андозҳо 102 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 1,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн. сомонӣ зиёд буда, нақшаи ҳамаи намуди андозҳо пурра иҷро гардиданд.

Дар ин давра 216 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 12,1 миллион сомонӣ  қабул гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 10,6 миллион сомонӣ  ворид карда шуд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда бақияпулиҳои андоз ба 01 декабри соли 2018  нисбат ба аввали сол 18 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

  Дар 11 моҳи соли равон нақшаи андози иҷтимоӣ 102,8 фоиз  иҷро гардида, ба 18 ҳазору 258 нафар нафақагирон нафақапулӣ пурра пардохт гардид.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 93,8  млн. сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардида, аз маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 86,7 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд. Қарзи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.

                                               Шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code