Хонаи бахт дубора боз шуд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 22 декабри соли 2018 маросими кушодашавии «Хонаи бахт»-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар  чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб,  муҳтарам Хайрулло Амонулло ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Шоҳмурод  ва  намояндаи Дафтари Шведсария оид ба ҳамкорӣ ва  рушд дар Тоҷикистон Сония Боянич ва намояндагони бахшҳои САҲШ-и минтақаи Кӯлоб ширкат намуданд.

Чорабинӣ аз тамошои ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳру деҳоти Кӯлоб  оғоз гардид. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шудани чакан ҳунармандони чакандӯзи шаҳри Кӯлоб  беҳтарин намунаи ҳунарҳои худро ба тамошо гузоштанд.

Сипас меҳмонон аз бино ва ҳуҷраҳои алоҳидаи таъмиршуда  боздид ба амал оварданд. Барои амалишавии барномаи нав бино  мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таъмир шуда  аст.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло кормандони САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ва кулли шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро бо ифтитоҳи бинои «Хонаи бахт»  табрику тахният намуд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Шоҳмурод зимни суханронии хеш аз ҷумла қайд намуд, ки баъд аз таъмири бинои «Хонаи бахт» мо аввалин маротиба ба низоми нави электронӣ гузашта истодаем.

Бинои мазкур дар ҷумҳурӣ намунавӣ буда мо аввалин маротиба  ин низоми навро дар шаҳри Кӯлоб ҷорӣ намуда истодаем. Аз ҷониби Вазорати адлия ва масъули Лоиҳаи консепсия «Равзанаи ягона» барои бахши САҲШ-и Кӯлоб таҳия ва пешниҳод шудааст, ки дар он усулҳои нави корӣ санҷиш карда мешаванд. Принсипи кор аз рӯи усули «Равзанаи ягона»  кам намудани сарфаи вақт барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, содда ва оммафаҳм кардани низом ва дар баробари ин  бароҳат намудани хизматрасонӣ барои шаҳрвандон мебошад.

Намояндаи дафтари Шведсария оид ба ҳамкориҳои рушд Сония Боянич қайд намуд, ки таъмир ва азнавсозии бинои бахш бо дарназардошти бароҳ мондани хизматрасонӣ бо усули «Равзанаи ягона» ба маблағи 1,8 млн сомонӣ анҷом дода шуд.

Ин иқдом дар асоси созишномаи сеитарафаи ба имзорасидаи миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Шведсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд дар Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» соли 2015 шурӯъ шудааст, амалӣ шуд. Инчунин мутобиқи нақша аз соли 2019 дар саросари ҷумҳурӣ низоми нави электронии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  марҳила ба марҳила  ҷорӣ карда мешавад.

                                                               Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code