Ҳафтаи бунёдкориҳо

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовинони раиси шаҳр ва  намояндагони васоити ахбори омма рӯзҳои 22-юм ва  23 -юми декабр   дар шаҳри Кӯлоб як зумра иншоотҳо ба истифода дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба  таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бунёд ва ба истифода супоридани  чунин иншоотҳо марҳила ба марҳила ба сомон расида истодааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр ва  намояндагони васоити ахбори омма ба кори Маркази савдои дуошёнаи    соҳибкор  Саидкамол Шарифзод  дар деҳаи Ватаншо Шамсови ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳр  ифтитоҳ бахшиданд.

Ёдовар мегардем, ки дар ҷамоати деҳоти Зарбдор бунёди 260 иншоот сохта ба нақша гирифта шудааст. Аз  иншотҳо  5 адади он дар соли 2018 ба нақша гирифта шуда, иншооти мазкур  аллакай  иншооти 5-ум мебошад.

Маркази савдо аз ду ошёна иборат буда дар таҳхонаи он  толори сақкобозӣ, дар ошёнаи якум мағозаи молҳои ниёзи мардум бунёд ёфтааст. Соҳибкор ният дорад дар ошёнаи дуюми бино нуқтаи  дузандагӣ таъсис диҳад.

Нимаи дуюми рӯзи 22- декабр  бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода машварати корӣ бо иштироки намояндагони гурӯҳҳои кории таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир карда шуда, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бори дигар мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Рӯзи 23- декабр дар маҳаллаи Содиқов бо иштироки   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон,  Қурбонзода  Амрихон  аз тарафи роҳбари коргоҳи ҶДММ «Ориён-Рустам»   Рустамов Амриддин нуқтаи забҳи чорво кушода шуд.

Кушодашавии чунин нуқтаи забҳи чорво боис мегардад, ки ҳолати  санитарию эпидемиологии  баъзе кӯчаҳои шаҳр, ки дар онҳо  қассобон   зиндагӣ мекунанд, беҳтар гардад.

Дар нуқтаи мазкур дар як рӯз забҳи 30 чорвои калон ва 50 чорвои хурд имкон дорад. Нуктаи забҳи чорво 24 соат фаъолият намуда, 15 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин менамояд.

Падидаи дигари фараҳбахш  барои мардуми шаҳру деҳоти  Кӯлоб кушодашавии бозори маҳсулотҳои ниёзи мардум ва сардхона дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана ба ҳисоб меравад. Бозор ва сардхона дар чорроҳаи деҳаи  Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти  Даҳана бо дастгирии ташкилоти байналмилатии  ОКСФАМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд ёфта, 60 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Даҳанаро  бо ҷойи корӣ фаро гирифта аст.

Дар ифтитоҳи ин иншооти бузург  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода,   раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва намояндаи ташкилоти байналмилалии ОКСФАМ  Шоукат Ализода  суханронӣ намуда, сокинони ҷамоати деҳоти Даҳанаро бо бунёди ин иншоотҳои муҳим   табрик намуда,  муҳимияти ин иншоотро барои кишоварзон арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон Абдуҷаббор Раҳмонзода сокинони ҷамоати деҳоти Даҳанаро ба ободониву бунёдкорӣ талқин намуданд.

Ҳамзамон  рӯзи 23 декабр дар маркази ҷамоати деҳоти Даҳана  боз як иншооти маишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз тарафи соҳибкор  Давлатхуҷа Сироҷӣ  туйхона  мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар як вақт метавонад  200  нафар  мизоҷонро қабул намояд.

                                                                Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code